Аслзода Э.М., Мавлонй С.Р. Техника ва технологияи пармакунии чоҳҳои нафтиву газй. Душанбе: «Дониш», 2021. – 167 с.

Мушовири илмӣ:

Азизов Рустам Очилдиевич,
доктори илмхои техникӣ, профессор
Муқарриз:

Розиқов Зафар Абдуқаҳорович,
доктори илмҳои техникӣ, профессор

Аслзода Э.М., Мавлонй С.Р. Техника ва технологияи пармакунии чоҳҳои нафтиву газй. Душанбе: «Дониш», 2021. – 167 с.

Усулҳои техникӣ ва технологияи пармакунии чоҳҳои нафтиву газӣ яке аз равишҳои муҳим барои муҳандисони соҳаи нафту газ мебошад. Китоби мазкур ҳамчун васоити таълимӣ ва илмии ёрирасон барои донишҷӯён, магистрантон ва муҳақиқони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ пешниҳод мешавад.Мақсади омӯзиши ин фан – ба донишҷуёни соҳа пешниҳод намудани малакаву дониш оид ба техникаву технологияи пармакунии чоҳҳо, таҷҳизоти манораи пармакунӣ, шиндсоӣ бо равиши пармакунӣ, тарзи тайёр намудан ва истифодабарии  маҳлулҳои пармакунӣ, шиносоӣ ва бартараф намудани садамаҳо ҳангоми парма намудани чоҳҳо мебоишд.

Тараққиёти саноати нафту газ истифодабарии пармакуниро ҷиҳати кашфи захираҳои саноатии нафту газ иқдоми аввалиндараҷа ҳисоб менамояд. Барномаи пармакунии чоҳҳо омузиши ҳамаҷонибаи дастгоҳу таҷҳизоти пармакунӣ ва сохторй чоҳ шуруъ аз мафҳуми чоҳ, гуруҳбандии онҳо, омилҳои истифодашавандаи техникӣ, навъи пармачархҳо, мушкилиҳо ва садамаҳои рухдиҳанда, махсусан ҳангоми пармакӯнии қабатҳои гафси намак, истифодабарии суруҷи тампонажӣ, ҳӯдуди истифодабарии коллоидҳо барои ҳар як реагенти химиявиро дар бар мегирад.