Соҷидаи Мирзо. Фаришта дар дӯзах.-Душанбе 2022:, «Шарқи озод», 480 саҳ.

ТДУ: 891.550-3 ТКБ: 84 тоҷик7-4 М-65

Муаллиф:

Соҷидаи Мирзо

Муҳаррир:

Олим Бухориев

Соҷидаи Мирзо. Фаришта дар дӯзах.-Душанбе 2022:, «Шарқи озод», 480 саҳ.

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Романи “Фаришта дар дӯзах” аз сарнавишти духтаре ҳикоят мекунад, ки бархурдҳои ношй аз мавзеъгириҳои қолабй дар баробари як зан, ӯро ба моҷароҳои боварнокарданй гирифтор кард. Танҳо гуноҳаш ин буд, ки аз толеъи бад талабгори зиёд надошт ва дар хонаи падар мондагор шуд. Падар ба ӯ рӯи хуш намедод ва рӯзгорашро сиёҳ мекард. Саранҷом, аз тарси “ҳарфи мардум”, зиндагии духтарашро гӯё “сомон” дод ва ӯро бо як издивоҷи аҷулона ба гирдоби ғарибй, хориву зорй ва таҳқиру таҷовуз афканд. Дар он кишвар, ки аз қаҳрамони роман бардаи зархарид ва “ғариба” ном мебурданд, ӯ оташи дӯзахро дар ҷони худ имтиҳон кард. Аз ин беш намегӯем, то ҳаваси хондани роман аз байн наравад.

Чаҳор достони дигар низ аз сарнавишти инсонҳо ва чархиши ғайриинтизори зиндагӣ ҳикоят мекунанд. Ин достонҳо барои оммаи мухотабон ва бо намунае аз сабки зебои носирй пешкаш мегарданд.

Муаллиф ин китобро ройгон
ба хонандагонаш тақдим мекунад.

13В№ 978-99985-76-02-5

© Соҷидаи Мирзо, 2022