Ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Чумхурии Точикистон
Ҳайати таҳририя: Фарҳод Раҳимӣ, Абдураҳмон Муҳаммад, Муҳаррир: О. Хоҷамуродов, д.и. ф., профессор Муқарризон: С. Зиёев, номзади илмҳои филологӣ М. Ғиёсӣ, номзади илмҳои педагогӣ Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Асадии Тӯсӣ ва «Гаршоспнома» / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. – Душанбе: МН «Дониш», 2023. -285 с. Китоб ба омӯзиши ҳаёту эҷодиёти яке аз суханварони намоёни адабиёти форсии тоҷикӣ Абумансур Алй ибни Аҳмад Асадии Тӯсӣ (1005/1010 м. – 1073 м.) бахшида шуда, дар ин заминаи боэътимод дар он достони калонҳаҷми шоир «Гаршоспнома», ки камобеш 9000 байтро ташкил мекунад, таҳқиқ гардидааст. Он фарогири чаҳор боб ва зер- бобҳои вобаста ба таҳқиқ иборат ва ҳадафи муаллифро ба пуррагй фаро гирифтааст. Ин достони паҳлавонӣ дар пайравии «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсй эҷод гардида, пажуҳиш нишон дод, ки эҷодкор мактаби достонсароии Дақикй ва Фирдавсиро собигқадамона идома дода, бо ин кори дар ҳақиқат мондагори худ то ҷойе холигоҳҳои қисмати паҳла- вонии «Шоҳнома»-ро ҳунурмандонаву шоирона пурратар сохтааст. Зах- мати мазкур аввалин кори фарогири рӯзгору осор, бахусус «Гаршосп- нома»-и Асадии Тӯсй дар адабиётшиносию шарқшиносии ватанию хори- ҷӣ ба шумор меравад. Дар замима панҷ мунозираи шоир, ки дар як ҷо бори аввал ба нашр мерасанд, ҷой дода шуд. Китоб ба муҳаққиқони таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ, муар- рихон, ниёзмандони фарҳангу адаби тоҷик, суханшиносон, ҷуғрофия- донон ва аҳли завқ пешкаш мегардад. |