Ба муносибати «Бистсолаи омузши ва рушди фанхри табиапиииносй, дакик ва риёзй дар сохаи илм ва маориф» эълон шудани солхои 2020-2040
Пирмахмад Нуров. Фарханги русй-англисй- точикии истилохоти химия. Фарханги мазкур дар самти фархангсозй ва фархангнигории точи кй таҷрибаи нахустин буда, беш аз 7000 истилохи асосии сохахои химия ва технологияхои химиявиро бо забонхои русй, англисй ва тоҷикй фаро мегирад. Фарханг барои кормандони илмй, омузгорон ва донишчуёни муассисахои тахсилоти олии касбй, мухандисон, технологу конструкторхо ва дигар мутахассисоне, ки дар сохахои илм, техника, саноат ва монанди инхо кору фаъолият мекунанд, таьйин шудааст. Фарханг аз нигохи нав, пеш аз хама бо истифодаи харчи бештари имкониятхои дохилии забони тоҷикй дар сохтани истилохоти химия, хамчунин пазируфтани баъзе истилоххои байналмилалй бо назардошти хусусияти байналмилалй доштани илм, техника, технология тахия гардидааст. Умедворем, ки фарханг дар рохи ба низом даровардани истилохоти сохаи химия дар китобхои дарсй ва адабиёти илмй бо забони тоҷики мусоидат менамояд. Дар фарханг тарзи мустакими чойгир кардани истилоххо, яъне дар шакли хам калима ва хам ибораи изофй бо тартиби алифбои кириллй чойгир кардани истилоххои русй (англисй) ва муодилхои точикии онхо дар як хонача истифода шудааст. Мухаррирон: Рахмонов Р. – доктори илми химия, профессор; Ҷамшедов П,- доктори илмхои филологй, профессор Мукарризон: Бадалов А. – доктори илми химия, профессор; Курбонов А.С. – доктори илми химия, профессор. Бо қарори шурои олимони Институти химияи ба номи В.И.Никитини АМИТ аз 16 ноябри соли 2022, №9 ва қарори Шурои илмии табъу нашри АМИТ аз 13 декабри соли 2022, №82 ба чоп тавсия шудааст. |