Нурматзода Ҳасан. Созҳои мусиқй дар коллексияҳои осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (масоили гирдоварӣ, ҳифз, омӯзиш ва оммавигардонӣ).- Душанбе: Дониш, 2023. – 249 с. (бозамимаҳо)

Нурматзода Ҳасан. Созҳои мусиқй дар коллексияҳои осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (масоили гирдоварӣ, ҳифз, омӯзиш ва оммавигардонӣ).- Душанбе: Дониш, 2023. – 249 с. (бозамимаҳо)

Созҳои мусиқӣ аз бахшҳои муҳиму таркибии дерини фарҳанги тоҷикон маҳсуб шуда, сайри таърихии созҳо на фақат дар девораиигораҳо, санъати нигоргарӣ (минётур), инчунин масоили ташаккули пешрафт, ҷойгоҳи созҳо дар эҷоду иҷрои мусиқӣ дар сарчашмаҳои хаттӣ, аз ҷумла таърихномаҳо, осори классикони адабиёти тоҷику форс, рисолаҳои зиёди назарии мусиқӣ, ки дар масири таърих рӯи саҳна омадаанд, басе рангин тавсифу баррасӣ шудаанд.

Мавзуи гирдоварӣ, омӯзиши илмии муқоисавиго татбиқӣ, гурӯҳбандӣ, нигахдошт, ба маърази намоиш гузоштан яъне оммавигардонии созҳо низ аз масоили мубрами илми фарҳангшиносӣ мебошанд. Зимни ин таҳқиқи илмии созҳои мусиқӣ бар пояи маводи дар осорхонаҳои Тоҷикистон нигахдоришаванда низ аз мавзуоти муҳими илмӣ маҳсуб шуда ва ин масъалаи сирф илмӣ низ то имрӯз бояду шояд таҳкиқи фаннӣ нашудааст. Таҳқиқоти мазкур аввалин кӯшиш на фақат фарогири масоили гирдоварии муназзаму равшан намудани созҳои мусиқӣ, инчунин мубрамияти омӯзиши илмии созҳои мусиқӣ бар пояи маводи дар осорхонаҳои Тоҷикистон нигаҳдоришаванда мебошад.

Муқарризон

Аскаралӣ Раҷабов -Профессор, доктори илмҳои таърих Эшонқулов Мурод – номзади санъатшиносй