Нурматзода Ҳасан. Созҳои мусиқӣ дар коллексияҳои осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (масоили гирдоварй. ҳифз, омӯзиш ва оммавигардонӣ).-Душанбе: Дониш. 2023. – 249 с. (бозамимаҳо)

Нурматзода Ҳасан. Созҳои мусиқӣ дар коллексияҳои осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (масоили гирдоварй. ҳифз, омӯзиш ва оммавигардонӣ).-Душанбе: Дониш. 2023. – 249 с. (бозамимаҳо)

Созҳои мусиқӣ аз бахшҳои муҳиму таркибии дерини фарҳанги тоҷиқон маҳсуб шуда, сайри таърихии созҳо на фақат дар деворанигораҳо, санъаги нигоргарӣ (минётур). инчунин масоили гашаккули пешрафт, ҷойгоҳи созҳо дар эҷоду иҷрои мусиқӣ дар сарчашмаҳои хаттӣ, аз ҷумла таърихномаҳо, осори классикони адабиёти тоҷику форс. рисолаҳои зиёди назарии мусиқӣ, ки дар масири таърих рӯи саҳна омадаанд, басе рангин тавсифу баррасӣ шудаанд.

Мавзуи гирдоварӣ, омӯзиши илмии муқоисавию татбиқӣ, гурӯҳбандӣ, нигаҳдошт, ба маърази намоиш гузоштан яъне оммавигардонии созҳо низ аз масоили мубрами илми фарҳангшиносӣ мебошанд. Зимни ин таҳқиқи илмии созҳои мусиқӣ бар пояи маводи дар осорхонаҳои Тоҷикистон нигахдоришаванда низ аз мавзуоти муҳими илмӣ маҳсуб шуда ва ин масъалаи сирф илмӣ низ то имрӯз бояду шояд таҳкики фаннӣ нашудааст. Таҳқиқоти мазкур аввалин кӯшиш на фақат фарогири масоили гирдоварии муназзаму равшан намудани созҳои мусиқӣ, инчунин мубрамияти омӯзиши илмии созхои мусиқӣ бар пояи маводи дар осорхонаҳои Точикистон нигахдоришаванда мебошад.

Муқарризон

Аскаралӣ Раҷабов – профессор, доктори илмҳои таърих Эшонқулов Мурод – номзади санъатшиносӣ