Бобоев А. А. Равандҳои муосири муҳоҷирати аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли он. – Душанбе. 2022. – 250 саҳифа.

Бобоев А. А. Равандҳои муосири муҳоҷирати аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли он. – Душанбе. 2022. — 250 саҳифа.

 

Муҳаррири масъул:

Умаров Ҳ. У., доктори илмҳои иқтисодӣ, ирофессор.

Тақриздиҳандагон:

Улмасов Р. У., доктори илмҳои иқтисодй, профессор
Каримова М. Т., доктори нлмҳои иқтисодй

Дар монографияи мазкур қонуниятҳои рававди муҳоҷирати аҳолй аз лиҳози табиӣ ва ҳуқуқй бо дарназардошти таҳлили он дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, сар карда аз давраи ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории миллӣ ва санадҳои меъёрию ҳукуқии байналхалқй фаъолият дар самтҳои гуногуни муҳоҷират ба рох монда шудааст ва мо зарур донистем, ки аввалин маротиба дар доираи як монографияи тоҷикӣ ҳамаи панҷ намуди муҳоҷиратро бо қонунияти ҳуқуқӣ, аз қабили: муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвавдони кишварамон ба хориҷа, муҳоҷирати экологӣ, муҳоҷирати дохилй (ихтиёрӣ), муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирати гурезаҳои хориҷӣ ва шахсони панохчӯянда ба чумҳурии мо, инчунин дигар намудҳои муҳоҷиратро мавриди таҳкик карор диҳем.

Тавсияҳо ва хулосаҳои асосии муаллиф доир ба танзими равандҳои муҳоҷират ва истифодаи самараноки он дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат имконият медиҳавд, ки дар асоси таҷрибаи байналхалқии давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон қонунгузории миллӣ дар самти муҳоҷират такмил дода шавад ва механизмҳои муосири идоракунии давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират татбик карда шаванд.

Натиҷаҳои таҳқиқот мумкин аст дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои илмӣ ва таълимоти олии мамлакат, танжилотҳои байналхалқӣ, ҷамъиятй ва гайридавлатй. инчунин дар таҳияи барномаю стратегияҳои давлатӣ оқд ба рушди иқтисодию идоракунии давлатии муҳочират, истифода бурда шававд.

Бо қарори Шӯрои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, протоколи №8 аз 5 ноябри соли 2021 барои нашр тавсия дода шудааст.