Заробеков Маҳмадбек. Зиндагй ва фаъолияти омӯзанда. – Душанбе: 2022. – 464 с.

Бо қарори Шурои олимони Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба чоп тавсия шудааст. Протоколи №1 аз 31 январи соли 2022

 

Муҳаррири масъул:

Шодӣ Рачабзод

 

Заробеков Маҳмадбек.

Зиндагй ва фаъолияти омӯзанда. – Душанбе: 2022. – 464 с.

Китоби мактабшиноси варзида, педагоги маъруф ва мутахассиси ҳирфаии соҳаи маориф, физикдони шинохта, устод Маҳмадбек Заробеков – «Зиндагй ва фаъолияти омӯзанда» зиндагии ибратбахш ва марҳалаҳои фаъолияти суд- манду муассири мактабшиносро дар бар гирифта, дар тарбияи омӯзгорону мутахассисони ҷавон нақши босазо дорад. Дар заминаи ҳикоятҳои ҷолибу шавқовар, шуруъ аз омӯзгорй то кор дар вазифаҳои масъули соҳаи маориф (дар Вазорати маориф ва илм, идораву зерсохторҳои он) устод М.Заробеков ҳамчун мактабшиноси соҳибтаҷриба бо нақли лаҳзаҳои ибратомӯз таъкид ме- кунад, ки омӯзгор бояд соҳиби хислатҳои неку писандида, амсоли поквиҷдонй, масъулиятшиносй буда, бо соҳибмаърифатй ва донишмандию ҷаҳонбинии пешрафтаи худ соҳибобрӯву шуҳратманд ва азизи мардум гардад.

Китоб ба хотираи устодону омӯзгорон, падару модарон ва шахсоне, ки саҳми худро дар фаъолияти педагогии муаллиф гузоштаанд, бахшида шудааст.

Китоб мазкур дар кори таълиму тарбияи иасли ояндасоз барои муал- лимон ва роҳбарони ҷавон ҳамчун раҳнамо хидмат хоҳад кард.

Муаллиф ба раҳбарияти матбааи ҶСП “Нашриёти муосир”, ки дар нашри китоби мазкур саҳм гузоштаанд, изҳори миннатдорй менамоям.