Аскаралӣ Раҷабов. Аҳмад Махдуми Дониш ва фарҳанги мусикии замопи ӯ (нигоҳи таърихй, сарчашмашиносӣ ва назарӣ). «Дониш», Душанбе, 2022, 302 саҳ.

Аскаралӣ Раҷабов. Аҳмад Махдуми Дониш ва фарҳанги мусикии замопи ӯ (нигоҳи таърихй, сарчашмашиносӣ ва назарӣ). «Дониш», Душанбе, 2022, 302 саҳ.

 

Аҳмад Маҳдум ибни Мирносир ал-Ҳанафй ал-Сиддиқии Бухороӣ, номвар ба Аҳмад Махдуми Дониш (1827-1897), аз симоҳои барҷаста дар таърихи тамаддуни тоҷик, мардумони Осиёи Марказии садаи XIX буда, дар пешрафти афкори иҷтимоию фалсафй, илмй, адабй ва фарҳангии ин сада ва минбаъд ҷойгоҳи хос дорад. У баробари таърихдону таърихнигори камназир, сиёсатмадор, суханвар, донишманди борикназар будан, инчунин дар пешрафти илм, ҳунарҳои бадеӣ, аз ҷумла масоили назарй-зебоишиносии мусиқй низ сахми арзанда гузоштааст.

Дар таҳқиқоти мазкур нахустинбор бо такя ба гузориши муқоисавию татбиқии сарчашмаҳои хаттии тозаёфташуда аллома Аҳмад Махдуми Дониш ба сифати донанда, чеҳраи камназири ҳунар, фарҳанги мусиқии садаи XIX ба риштаи таҳқиқ омадааст.

Рисола барои дӯстдорони таърих, фарҳанг, тамаддуни тоҷикон пешкаш мешавад.