Бо қарори Раёсати АМИТ аз 06 марти соли 2023, таҳти №58 ва қарори Шӯрои олимони ИТБМ ба номи А. Дониш аз 12 январи соли 2021 таҳти №1.1 ба чоп тавсия шудааст.
Муаллиф: Муҳаррири масъул: Консепсияи таҳқиқи таърихи халқи тоҷик. -Душанбе: «Ганҷи хирад», 2023, 38 саҳ. Консепсияи таҳқиқи таърихи халқи тоҷик кӯшиши аввалин буда, бо назардошти ҳадафхои миллӣ дар заминаи дастоварди илми таъ- рихшиносии ватанй ва ҷаҳонӣ тартиб ёфтааст. Мақсад аз муратгаб- созии Консепсия муайян намудани методологияи таҳқиқи таърихи сокинони бумии Осиёи Марказӣ – тоҷикон ва нақши онҳо дар тагааккул ва рушди тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Истиқлоли комили давлатӣ имрӯз мантиқан зарурати ба роҳ мон- дани таҳқиқи ҳамаҷонибаи таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷикро аз нигоҳи нав, бидуни ҳамагуна чаҳорчӯбаи идеологӣ ва чун ҷузъи таркибии таърихи умумибашарӣ тақозо менамояд. Албатта, Консепсия чун василаи фаҳмиши илмии раванди таърих барои ҳамаи зинаҳои он ягона набуда, вобаста ба дараҷаи дарки ба воқеияти замон мувофиқ. тағйирёбанда аст. Консепсияи мазкур низ бо назардошти ҳадафҳои миллӣ дар роҳи эъмори давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, рушд ва таҳкими худшиносии миллӣ тавассути таҳқик ва арҷгузорӣ ба таърих, анъанаву суннатҳои волои давлатдорй ва фарҳангсолории халқи тоҷик таълиф шудааст. |