Айнй, Садриддин. Мактубҳо. – Душанбе: «Дониш», 2024. – 720 с.

Таҳия, таҳрир, тасҳеҳ ва тавзеҳоти

Анзурати Маликзод ва Гулбаҳор Усмонова

 

Айнй, Садриддин. Мактубҳо. – Душанбе: «Дониш», 2024. – 720 с.

Номанигорӣ дар баробари офаридани назму насри дилангезу мондагор ҷузъе аз фаъолиятҳои доимӣ ва рӯзмарраи Устод Садриддин Айнӣ будааст. Аҳаммияти номаҳои Устод Айнӣ камтар аз қиммати осори адабиву илмии ӯ набуда, балки баробар ба мероси арзишманди бадеӣ ва илмӣ-тадқиқотии ӯ арзиш касб мекунад.

Мукогиботи Садриддин Айнӣ бори аввал дар асоси маводи Бойгонии Осорхонаи адабии Устод Айнӣ, Бойгонии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, маҷаллаву рӯзномаҳои дар солҳои гуногун ба нашррасида ва маҷмӯаву ёддоштҳо ва китобҳои адибону олимон ва шогирдону хамнаслони эшон ба шакли нисбатан комил мураттаб ва пешниҳоди хонанда мегардад.