Академик Муҳаммад Осимй. Хусрави мулки сухан. Ба нашри ҳозиркунанда: Гавҳар Осимӣ. Муҳаррири масъул: профессор Аскаралӣ Раҷабов. «Дониш», Душанбе, 2024, 92 саҳ.

Академик Муҳаммад Осимй. Хусрави мулки сухан. Ба нашри ҳозиркунанда: Гавҳар Осимӣ. Муҳаррири масъул: профессор’ Аскаралӣ Раҷабов. «Дониш», Душанбе, 2024, 92 саҳ.

“Хусрави мулки сухан”охирин(1996) гаҳқиқоти илмй- назарии нашрнашудаи донишманди барҷаста, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои СССР, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1965-1988), асосгузор ва сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик, раиси Кумитаи байналмилалии илмй ва раиси Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказии назди ЮНЕСКО (1973-1996), бунёдгузор ва раиси Анҷумани ҷаҳонии равобити фарҳангии тоҷикон бо ҳамватанони бурунмарзӣ «Пайванд» (1989-1996), яке аз муассисон ва узви фахрии Академияи илмхои Афғонистон, барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру, академик Муҳаммад Осимӣ (1920-1996) доир ба суханвари баноми адабиёти классикии форсу гоҷик Амир Хусрави Деҳлавист(1254-1325).

Академик Муҳаммад Осимӣ раис ва ташаббускору баргузоркунандаи 700-умин соли бузургдошти Амир Хусрав дар Тоҷикистон, Иттиҳоди шуравй, сарвари кумитаи гаҳқиқ, таҳия ва нашри академии куллиёти осори ин нобиғаи сухан мебошад.Ӯ доир ба Амир Хусрав ва мавқеи таърихию адабии ин симои барҷаста мақолаҳои илмӣ- назариявӣ навиштаю ба нашр расонидааст.

Асари гаронманди илмии академик Муҳаммад Осимй “Хусрави мулки сухан” охирин навиштаи ӯ, ки соли 1996 қабл аз қатли ваҳшиёнааш анҷомёфта буда ва диди нави таҳқиқй ба шахсият, мероси гаронманди Амир Хусрави Дехдавист ва армуғони хоса ба пешвози 780-умин соли гиромидошти суханвар аст.