Ғафуров Бобоҷон (Биобиблиография)

ed84fd00-fda7-495e-81d0-eb2dab14e649Ғафуров Бобоҷон [Матн]: [Нишондиҳандаи биобиблиографӣ] / Зери назари Ф.Раҳимӣ; Муҳар. масъул А.Усмонов; Мурат.: Ш.З.Суфизода, Ё.Бердизода, С.Н.Нигматова; Муҳар. библиогр.: С.Н.Нигматова, Н.Умарова. – Душанбе: Дониш, 2021. –540 с. – (Мавод оид ба биобиблиографияи олимони Тоҷикистон. Нашри 13).

Интишори навбатии силсилаи «Мавод оид ба биобиблиографияи олимони Тоҷикистон» ба академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академики Академияи илмҳои ИҶШС, доктори илмҳои таъ-рих Бобоҷон Ғафурович Ғафуров бахшида шуда, фаъолияти серсоҳаи олими намоён, ходими барҷастаи чамъиятию сиёсӣ, дипломат ва инсони фарҳехтаро дар бар мегирад. Қобилияти нотакрори шахсияти Б.Ғ.Ғафуров, масъулиятшиносӣ, муносибати нек ва одилонаи ӯ нисбат ба одамон, ба рушду такомули илм ва тарбияи насли нави шаркшиносон, ки баъдтар олимони шинохта гардиданд, мусоидат кардааст. Дар Академияи илмҳои ИҶШС ба сифати директори Институти шарқшиносӣ таъин шудани Бобоҷон Ғафурович Ғафуров, ки зиёда аз 20 сол (1956-1977) давом кард, дар ташаккул ва инкишофи шарқшиносии тоҷику рус марҳалаи сифатан нав ва муҳим ба вуҷуд омад, ки дар рафти он шарқшиносии анъанавӣ ва омузиши масъалаҳои мубрами муосир ба таври органикӣ ба ҳам пайваст гардиданд. Академик Бобоҷон Ғафуров ба илми шарқшиносӣ замоне омад, ки худшиносӣ ва бедории сартосарии милии мардумони кишварҳои Шарқ ва қораи Африқо оғоз гардид. Бо дарки масъулияти баланди илмӣ ӯ дар ҳамоҳанг намудани сиёсати хориҷии ИҶШС бо ҷараёнҳои иҷтимоию сиёсии қитъаҳои Осиё ва Африқо хадамоти созандаву арзандаеро анҷом дод. Маҳз дар замони ӯ шуҳрати илми шарқшиносии шуравӣ ҷойгоҳи муътабаре дар арсаи ҷаҳонӣ ба худ касб кард. Бобоҷон Ғафуров бо вуҷуди ҳамаи маҳдудиятҳои идеологӣ бо дурандешии хоси хеш дар сиёсати илмӣ тадбирҳои муассиреро пеша кард, то шароити кору зиндагии муносиберо барои олмони соҳа муҳайё кунад. Бобоҷон Ғафуров дипломати ҳирфаӣ набуд, аммо, ба эътирофи бештари сиёсатмадорон ва олимон, саҳми ӯ дар густариши сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалии ИҶШС ва баланд бардоштани эътибори илми шарқшиносӣ хеле бузург арзёбӣ мегардад. Ӯ ҳамчунин барои Тоҷикистон ва миллати тоҷик хизматҳои шоистае анҷом додааст. Тамоми мардуми кишвар, чи пиронсолон, чи насли ҷавон аз ӯ барои хадамоти беназире, ки барои халқаш кардааст, миннатдоранд. Аз чумла, ба душвориҳои солҳои ҷанг ва баъд аз ҷанг нигоҳ накарда, Бобоҷон Ғафуров ба ташкили муассисаҳои илмию таълимии миллӣ, тайёр кардани кадрҳои илмии соҳаҳои гуногуни илм ва фарҳангу адаб саҳми бузург дорад. Биобиблиографияи мазкур санаҳои муҳими ҳаёт ва фаъолияти Бобоҷон Ғафуров, мухтасари фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилию ҷамъиятии ӯ, мақолаҳо дар васфи ин шахсияти фарҳехтаро дар бар гирифт. Бахшҳои китоби мазкур асарҳои чопшудаи олим, тақризҳо, асарҳои таҳия намуда ва зери таҳрири эшон ба нашр расида, адабиёт дар бораи ҳаёт ва фаъолияти устод ва ҳамчунин манобеи электрониро фаро мегиранд. Таснифи мавод дар китоб бо тартиби хронологӣ, ва дар дохили ҳар як сол бо тартиби алифбо сурат гирифтааст. Барои осон намудани кори пажӯҳишгарон дар охири китоб дастгоҳи илмии ёрирасон оварда шудааст, ки аз нишондиҳандаи алифбоии осор, нишондиҳандаи асарҳои таҳриркардаи устод ва нишондиҳандаи алифбоии ашхос иборат мебошад.