КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ САТҲИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

09.06.179 – уми июни соли 2017 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ  Конференсияи илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Ваҳдати миллӣ- омили муҳими рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.

Мақсад аз барпо намудани чорабинии мазкур таҳқиқи сиёсати дохилӣ ва оқилонаест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 90-уми қарни гузашта дар амал татбиқ намудаанд.

Конференсияро президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, дар ҷараёни муаррифӣ намудани натиҷаҳои сиёсати ваҳдатгироёна чунин иброз намуд: «Пешвои миллат ҳанўз дар иҷлосияи шонздаҳуми тақдирсоз гуфта буд, ки «Ман ба шумо сулҳ меоварам ва барои расидан ба ин мақсад  ҷонамро дареғ намедорам». Маҳз ҳамин суханон дар дили шаҳрвандони мамлакат тухми умедро ба ояндаи нек ба вуҷуд овард».

Дар кори конференсия намояндагии муассисаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла Вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стротегӣ, Маркази исломшиносӣ ва Маркази миллии қонунгузории  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок  карданд.

Дар ҷараёни чорабинии мазкур ҷонишини вазири маориф ва илми ҶТ Латофат Назирӣ, директории Маркази тадқиқоти стротегии назди Президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ Маҳмад Раҳимзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ Файзулло Баротзода, прокурори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии ҶТ Салимзода Темур ва дигарон бо маърўзаҳо баромад карда, ҷанбаҳои гуногуни Ваҳдати миллиро аз назари илмӣ баён намуданд.

Сипас, Конференсияи мазкур кори худро дар се бахш идома дод: бахши аввал бо номи  «Ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ» муаррифӣ шуда, дар толори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ баргузор гардид; бахши дуввум «Ваҳдати миллӣ ва рушди қонунгузории миллӣ» дар толори АИ ҶТ барпо шуд ва бахши саввум «Ваҳдати миллӣ ва рушди забони давлатӣ» дар бинои Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ идома ёфт.

Ваҳдати миллӣ натиҷаи ҷанги шаҳрвандист, ки бар миллати мо таҳмил гардида, чун ғурмагас давлати ҷавони Тоҷикистонро фарсахҳо ба қафо партофт. Маҳз ҳамин омил аст, ки сиёсати сулҳофарини роҳбари тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ намунаи беҳтарини созиш муаррифӣ мешавад.

Ваҳдати миллӣ таъмини осудаҳолии шаҳрвандони як кишвар аст ва бузургтарин дастоварди миллии тоҷикон маҳсуб меёбад. Самимият, ҷасорат, майли бозоварии гурезагони тоҷики хориҷ аз мамлакат,дипломатияи олӣ ва дигар сифатҳои шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон ба вуҷуд оварданд, ки он солҳои мудҳиш анҷом ёфта, Ваҳдати миллӣ тантана намояд.

Ваҳдати миллӣ нишонаи боэътимоди ҳамоҳангии роҳбари давлат бо мардуми Тоҷикистон аст. Ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, бо дар назардошти сохтмони Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» ва истифодаи оқилонаи захираи об дар мамлакат барои саноати кишоварзӣ ба таъмини амнияти энергетикӣ ва озўқаворӣ муваффақ шавем.

Имрўз чӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ҷомеашиносон сулҳи тоҷиконро омўхта, онро ба ҳайси дастоварди таърихӣ дар кишварҳои худ барои татбиқ тавсия медиҳанд.

Илми ҷомеашиносии муосир исбот намудааст, ки Ваҳдати миллӣ ҷанбаҳои таърихӣ дорад. Масалан, Ҳаким Фирдавсии Тусӣ дар шоҳасари хеш «Шоҳнома» дар достони «Дувоздаҳ рух» ва дар мисоли бархурди Эрону Турон иқдоми бархе аз роҳбаронро чун Пирони Виса ҷиҳати ба даст овардани сулҳ мутазаккир шудааст, ки бо  сайю кушишҳои устувор тантанаи сулҳро бар ҷанги хонумонсўз таъмин намудаанд. Ҳамчунин, истилоҳи  Ваҳдат, ки марбут ба забони арабист,  дар «Шоҳнома» бо вожаи сирф тоҷикии «баҳамоварӣ»  баррасӣ мешавад.  Аз ин хотир, сулҳи тоҷикон ва расидан ба Ваҳдати миллӣ бо ташаббус ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи муосир абадан сабти ном шудааст.

Таҳқиқи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби ходимони илмии Академияи илмҳои мамлакат аз зумраи пажуҳишҳоест, ки бар манфиатҳои миллӣ мусоидат менамоянд, чунки Ваҳдати миллӣ чун дастоварди камназир аҳамияти таърихиро шомил аст ва ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун сиёсати сулҳофаринӣ рушду тараққии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ таъмин намуда, барои устувор гардидани низоми сиёсӣ дар кишвар мусоидат намуд ва истиқлолияти давлатиро таҳким бахшид.

111222