АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР АСРИ XVII

адаби Дар монография адабиёти асри XVII, ки аз давраҳои хеле муҳимми таърихи адабиёти тоҷик ба шумор меравад, мавриди тадқиқи васеъ ва муфассал қарор гирифтааст. Муаллиф дар асоси сарчашмаи асосӣ ва пурарзиши адабиёти ин давр — тазкираи «Музаккир-ул-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ манзараи васеи ҷунбиши адабӣ ва ҷараёни онро равшан намудааст.

Зиндагӣ ва эҷодиёти бузургтарин шоири ин давр Сайидои Насафӣ низ бо диди тоза ва аз рӯи талаботи адабиётшиносии имрӯза тадқиқ шудааст.

Дар рисола очеркҳои мухтасари ҳаёт ва эҷодиёти дигар намояндагони барҷастаи адабиёти давр — Малеҳо, Фитратӣ  Зардӯз, Киром ва Мулҳам низ дода шудааст.

Рисола барои мутахассисон, муаллимону донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва ҳаводорони адабиёти классикии тоҷик таълиф гардидааст.

С, С а ъ д и е в . «Адабиёти тоҷик дар асри XVII». Душанбе, «Дониш», 1985, 268 с.