Юсуфбеков Р Талаботи ҳаёт ва вазифаҳом маорифи халқ. Асарҳои мунтахаб.- Душанбе: Дониш, 2024.-546 саҳ.

Юсуфбеков Р

Талаботи ҳаёт ва вазифаҳом маорифи халқ. Асарҳои мунтахаб.- Душанбе: Дониш, 2024.-546 саҳ.

Китоб ба олими маъруфи тоҷик, иқтисодшиноси сиёсӣ, мутахассиси масоили иқтисодии маориф, арбоби давлатӣ, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ходими шоистаи илм, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Рустамбек Юсуфбеков бахшида шудааст. Фаъолияти фаъолонаи сиёсию чамъиятӣ Рустамбек Юсуфбеков бо кори эҷодии илмӣ пайвастааст. Дар давоми солҳои кор дар вазифахои роҳбарикунандаи аппарати давлатӣ як қатор асарҳои ҷиддй ба табъ расонда, дар инкишофи илми иқтисодй Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.

Вай яке аз аввалин тадқиқотчиёни проблемаҳои иқтисодиёти маорифи республика буда, дар асарҳои ӯ ташаккул ва инкишофи маорифи халқ, базаи моддию кадрҳои таъминкунандаи он ба таври илмй гаҳлил карда шудааст. Вобаста ба шароити он вақт хулосаҳои конкрети дар бораи беҳтар намудани маблағгузории ин соҳа, зиёд кардани боздеҳи маблағҳои инвестиционӣ асоснок карда шуданд.

Мақсади нашри асарҳои мунтахаби узви вобастаи акдемияи илмҳо Юсуфбеков Р. танҳо аз чопи осори ӯ иборат нест.Хонанда мставонад бо онҳо бевосита дар китобхонаҳои илмии Ҷумҳурии Гоҷикистон ва каталоги генералии алифбоии китобҳои китобхонаи давлатии Федерасияи Россия шинос шавад.