ИЛМ ДАР ТОҶИКИСТОН (Феҳристи китобҳо ва мақолаҳо) соли 2019

сайт - 0001Илм дар Тоҷикистон: Солнома [Матн]: феҳристи библиографӣ / Ш. З. Сӯфизода, Ё. Бердизода, Н. Самизодава диг. ; Зери назари Ф. Раҳимӣ. – Душанбе, 2020. – 327 с.

Феҳристи библиографии китобу мақолаҳои «Илм дар Тоҷикистон. Солнома» дар мавриди осори илмии дар соли 2019 мунташиршудаи ходимони илмии Академияи илмҳо ба пажӯҳишгарон, мутахассисони шохаҳои мухталифи дониш ва китобдорон маълумот медиҳад.

Дастур дар асоси китобу мақолаҳое, ки дар хазинаи Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Ганди нигаҳдорӣ мешаванд, таҳия шудааст.