ТАҶЛИЛИ 85 СОЛАГИИ МӮЪМИН ҚАНОАТ ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО

020 – уми майи соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 85 – солагии зодрӯзи устоди шеър, узви вобастаи АИ ҶТ, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Мукофоти давлатии СССР, Лауреати мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Муъмин Қаноат конференсияи илмю адабӣ таҳти унвони «Таҳаввулоти шеъри муосири тоҷик» баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишмандону олимон, шоирону нависандагон аз Афғонистону Эрон, Ӯзбекистон ва мухлисону муҳаққиқони мероси фарҳангии Муъмин Қаноат ширкат варзиданд.1

Ин нишасти илмю  адабиро бо сухани ифтитоҳии  президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшид. Академик Фарҳод Раҳимӣ дар суханронии худ бештар саҳифаҳои пурранги зиндигии шоирро варақ зада, аз вазифаю масуълиятҳои расмии устод Мӯъмин Қаноат дар тӯли ҳаёти пурмаҳусулаш сухан гуфт.

Сипас, Муҳмадалӣ Ватанзода, ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ паёми табрикии Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмонро қироат кард.

5Дар идома Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табрикоту шодбошӣ ба муносибати 85 солагии шоир, суханронӣ карданд. Аз ҷумла, Низом Қосим гуфт, ки кори бузурги устод Мӯъмин Қанот дар шеъру адаби муосири тоҷик ин аст, ки адабиёти навинро аз умумигӯӣ берун оварда дар шеър ба мушаххасгӯӣ пардохтааст.9

Шоир ва сиёсатмадори Афғонистон Абдуллатифи Пидром гуфт, ки Мӯъмин Қаноатро дар доираҳои адабиву фарҳангии Афғонистон мешиносанд ва зимни баррасии шеъраш гуфт, ки шеъри Мӯъмин Қаноат  умқу жарфнои бисёр хос ва сабки нимоӣ дорад. Ӯ гуфт, ки дар сабку услуби Мӯъмин Қаноат ва дар вазну қофиясанҷияш аз диққати фарвон кор гирифта ба хатову иштибоҳ роҳ надодааст. Ба бовар Абдулллатифи Пидром шеър ду гуна аст: яке илҳомӣ ва дигаре ҳунарӣ. Шеъри илҳомӣ шеърест, ки бо илҳом меояду аз забону қалами шоир мешорад, аммо шеъри ҳунарӣ шеърест ки онро шоир месозад ва ибораи фаронсавии “фобрикосюнро” ҳам истифода кард. Ба бовари Абдулллатифи Пидром вақте аз ин зовия ба шеъри Мӯъмин Қаноат назар меандозем, мебинем, ки аз ҳарду вижагии шеър каломи Мӯъмин Қаноат ҳаззи вофир дорад. Ҳам илҳомисту ҳам ҳунарӣ. Ӯ бештар ба достони “Суруши Столинград”-и Мӯъмин Қаноат ишора кард. Абдулллатифи Пидром Мӯъмин Қаноатро як шоири ҷаҳонӣ ва дар ҳавзаи шеъри муосири тоҷик баъди Айниву Лоҳутӣ соҳибҷойгоҳ унвон кард. Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ дар суханронии Абдулллатифи Пидром ишораҳои ӯ роҷеъ ба сирри мондагории шеър буд. Ӯ гуфт, ки вижагии шеъри мондагор шахсият доштани он аст. Шахсияти шеър ба бовари ӯ дард доштану паём доштани он аст. Маҳз шеъре, ки шахсият дорад боқӣ мемонад ва шеъри Мӯъмин Қаноат аз чунин навъ аст.

13Шоир Аскар Ҳаким ҳам сӯҳбати бисёр ҷозибу зебое роҷеъ ба шеъри Мӯъмин Қаноат кард. Ба бовари ӯ як вижагии шеъри Муъмин Қаноат асолат доштани ӯст. Муъмин Қаноат асолати ашъори ниёгонро дар шеъраш тавонистааст бисёр хуб инъикос диҳад ва ҳамчунин аз бархурдҳои сатҳӣ ва сарсарӣ ба маъногароӣ, амиқандешӣ ва бархурди инсонӣ савқ диҳад. Аскар Ҳаким як мисоли ҷолибе гуфт, ки то Мӯъмин Қаноат мо ба образи як духтари пахтачини тоҷик барои мисол бо ишқи дурӯғин бо он духтар қаноат мекардем, аммо Мӯъмин Қаноат бо духтари пахтачини тоҷик ҳамчун як инсон дар шеъраш гуфтугӯ кард. Мӯъмин Қаноат бо духтари пахтачини тоҷик ҳамчун як инсон, ҳамчун як шахсият бархурди баланди инсонӣ кард ва чашмҳоро ба дидани ҷанбаҳои муҳимтари шахсияти як деҳқонзани тоҷик боз кард ва зимнан ин паёмро низ медод, ки масъаларо бояд дар шакли фарохтару амиқтар дид.19

Профессор Абдунабӣ Сатторзода бо ишора ба як мақолаи қаблан нигоштааш  Мӯъмин Қаноатро шоири шаҳомату нафосат хонда, изҳор дошт, ки дар шеъри ӯ ҳам илҳому ҳам ҳунар ба таври сеҳрангезе бо ҳам тавъаманду равониву инсиҷоми калимаҳову вожаҳо дар эҷодаш мавҷ мезанад. Профессор Сатторзода гуфт вақте мегӯем “шеъри Мӯъмин Қаноат” ин маънои онро надорад, ки шеърро Мӯъмин Қаноат гуфтааст. Балки маънои ин таъбир яъне “сабки Мӯъмин Қаноат” яъне “мактаби адабӣ ва шеърии Мӯъмин Қаноат”.

24Адабиётшинос Рустами Ваҳҳоб дар шеъри Мӯъмин Қаноат ҳуввияти хосси тоҷикиро бармало метавон мушоҳида кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ бо шеъри муштараки ҳавзаи адабии порсӣ дар тазод нест. Зимнан Рустами Ваҳҳоб ҳуввияти адабиро як ҷузъи муҳимми ҳуввияти миллӣ унвон кард.

Шоир Ҳақназар Ғоиб аз чигунагии бархуди олӣ ва бо ахлоқи волои Мӯъмин Қаноат бо навқаламон аз рӯзҳои аввали қаламкашияш ёдовар шуда Мӯъмин Қаноатро устоди худ хонд ва гуфт, ки дар шеър тақлидгари ӯст.30

Дар охири маҳфил се нафар аз аспирантони Академияи илмҳо ашъори Мӯъмин Қаноатро қироат карданд ва яке аз наберагонаш ба минбар баромада бо лаҳни зебову гуворо ва бурро бобояшро бо 85 солагӣ табрику шодбош гуфта, як шеъри зебояшро бо равониву зебоӣ қироат кард.