БАҲОРИСТОН

bahoriston«Баҳористон»-и бехазон аз гаронмоятарин осори тарбиявӣ-ахлоқии адабиёти ҷаҳону форсизабон ва эҷодиёти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) буда, бештар аз 500 сол мешавад, ки дар тарбияти ахлоқи ҳамидаву атвори писандидаи инсоният ҳиссаи сазовор мегузорад. Нашри ҳозира, ки нашри савуми илмӣ-оммавии асар дар Тоҷикистон мебошад ва ба 520-умин солгарди таълифи он мувофиқ меояд, матни мукаммали онро фароҳам оварда, бо сарсухани муфассал ва шарҳу тавзеҳоти мудаллал оро ёфтааст, то кори хонандагони азизи гуногунсолро осон гардонад.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон. Таҳиягари матн, муаллифи сарсухану тавзеҳот ва шореҳи луғот Аълохон Афсаҳзод, Душанбе, «Маориф ва фарњанг», 2008, 139 саҳифа.