НАМОИШИ КИТОБҲОИ ТОЗАНАШР ДАР КИТОБХОНАИ МАРКАЗИИ ИЛМИИ БА НОМИ ИНДИРА ГАНДИИ АИ ҶТ

НАМОИШИ КИТОБХО20 – уми апрели соли 2016 дар толори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китобҳои тозанашри Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик доир гардид.

Дар чорчӯбаи вусъат бахшидан ба муносибатҳои пажуҳишию таҳқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои дигари илмию фарҳангии кишвар китобҳои дар солҳои 2015 – 2016 ба табъ расидаи Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маърази намоиш гузошта шуд.

Дар намоиши китобҳои тозанашр ба гузориши директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодимуҳаммад Сӯфизода оид ба ҳамкории судманду муфиди илмӣ миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ба хотири таҳким ва тавсеъаи ҳарчи беҳтар ва бештари муносибатҳои ду ниҳод таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Созмон додани ин намоиш василаест барои ҳарчи бештар ҷалб намудани олимони тоҷик барои ҳамкориҳои ҳамаҷонибаву созанда бо дигар ниҳодҳои илмию таълимӣ ва фарҳангии кишвар.

Осори ба намоиш даромада аз лиҳози муҳтаво арзишманд буда, мавриди таваҷҷуҳи хоси аъзои китобхона мебошад.