НАМОИШИ КИТОБҲОИ АКАДЕМИКОН ДАР КИТОБХОНАИ МАРКАЗИИ ИЛМИИ АИ ҶТ

1Дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китобҳои академикон бахшида ба муносибати 80 солагии С. Неъматуллоев, Н. Қаюмов, З. Усмонов, 75 солагии С. Одинаев, 65 солагии М. Шаҳбозов ва 60 солагии М. Маҳмудов доир гардид.

2Дар чорчӯбаи вусъат бахшидан ба муносибати мавлуди олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳояшон ба маърази намоиш гузошта шуд.

3

Дар намоиши китобҳои олимони Академияи илмҳо магистрон, аспирантон ва унвонҷӯёни Академияи илмҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ дидан намуданд.

4

Созмон додани ин намоиш василаест барои ҳарчи бештар ҷалб намудани олимони тоҷик барои ҳамкориҳои ҳамаҷонибаву созанда бо дигар ниҳодҳои илмию таълимӣ ва фарҳангии кишвар аст.

5