ТАВОНО БУВАД ҲАР КИ ДОНО БУВАД

СуфизодаБеш аз ҳазор сол аст, ки сухани пур аз ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ бар ғановат ва пешравии илму адаби башарият афзӯдааст. Дар тули таърих дурустӣ ва азамати каломи мондагори ҳакими Тӯсиро аҳли башар дарёфт ва дар заминаи он назарияҳои вобаста ба танзиму идоракунии дониш ва таълимро ба вуҷуд овард. Дар фарҳанги Ғарб таҳти маънои каломи абадзиндаи Фирдавсӣ:

«Тавоно бувад ҳар ки доно бувад,

Зи дониш дили пир барно бувад»

мафҳуми «доноӣ тавоноист»  («Знание – Сила»: Knowledge is Power) аз забони аксари мутафаккирони гузаштаву муосири олам ҳамвора шунида мешавад.

Илм ва теҳнология яке аз пояҳои асосии иқтидори иқтисодию сиёсии ҳар кишвар аст ва бо доштани илму донишҳои пешрафта кишвар ба тавоноиҳо ноил мегардад. Аҳаммияти китобхона дар комёбиҳои кишвар хеле бузург аст. Агар ба ҳодисаҳои гузаштаи таърихи башарият назар андозем хоҳем дид, ки истилогароне мехостанд кишвареро забт намуда, мардумашро ғулом кунанд, нахуст шаҳрҳои онҳоро аз байн мебурданд ва ин амалро бо оташ задани китобхонаҳо шурӯъ мекарданд. Дар мавриди китобсӯзиҳо ва тахриби китобхонаҳову сар буридани андешамандон Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби «Осор ул-боқия» навиштааст: «Қутайба ибни Муслим ҳар касеро, ки хатти хоразмӣ медонист, аз дами шамшер гузаронид ва онон, ки аз ахбору иттилоот миёни худ тадрис мекарданд, эшонро низ ба дастаи пешин мулҳақ сохт» (Абӯрайҳони Берунӣ «Осор ул-боқия». Душанбе, 1990, саҳ. 56). Ҳодисаи даҳшатангези тахриб намудани тахти Ҷамшед ва сӯзондани Гундишопур – бузургтарин китобхонаи сосониён ва китобхонаи Истахр ба фармони Искандари Мақдунӣ, сӯзонидани китобҳои бешумори муғон дар Хоразм ҳангоми футуҳоти арабҳо, ба оташ задани Китобхонаи Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ, ки Абӯалӣ ибни Сино аз хазинаи беназиру ғании он ҳикоят кардааст, далелҳои равшане аз мақоми китобхона дар фарҳанг ва ҳуввияти миллат аст.

Миллате, ки аз неъмати саводу донишҳои муосир истифодаи дуруст намекунад, ҳамеша зердасти кишварҳои пешрафтаву қудратманд аст. Хурофот, тақлидҳои кур-курона, нодорию гуруснагӣ, пайдоиши ақидаҳои ноҳақу ифротӣ, мақсадҳои ноогҳонаву зарарнок бештар дар ҷомеъае зуҳур мекунад, ки пешрафти илмию фарҳангии дурусте надорад. Танҳо бо истифодаи фаъол ва ҳамарӯза аз фарҳангу дониш метавонем кишварамонро ба корвони тамаддуни муосир ҳамроҳ намоем, зеро дар дунёи кунунӣ асоси пирӯзӣ ва калиди муваффақияти ҳар гуна фаъолият илму дониш аст.

Муҳимтарин ниҳоде, ки вазифадор аст ниёзҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иттилоотии ҳама қишрҳои ҷомеъаро новобаста аз синн, ҷинс, дин, мазҳаб, дараҷаи таҳсилот посух бидиҳад, китобхона аст. Нақши китобхонаҳоро ҳамчун ниҳоди калидии фарҳангӣ дар пешрафти ҷомеъа наметавон нодида гирифт. Ҳар китобхона вобаста ба вазифа ва ҳадафҳои хеш дар қонеъ намудани талабот ва ниёзҳои хонандагонаш нақшаву барномаҳои хешро таҳя намуда, фаъолияти худро созмон медиҳад. Нахустин гоми ҷиддӣ дар роҳи донишомӯзӣ аз китобхона оғоз мешавад. Дар асри ҳозир китобхона саҳми бузурге дар боло бурдани сатҳ ва сифати муносибатҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷомеъа дорад. Аз ин рӯ дар ҷаҳони муосири иттилоотӣ ин ниҳоди муҳимми илмию фарҳангию иттилоотӣ бояд бо технологияҳои пешрафта муҷаҳҳаз бошад, то тавонад вазифаи иттилоърасонӣ ва паҳну дастрас намудани навгониҳои илмию техникии ҷаҳони муосирро бо беҳтарин ва босуръаттарин шева анҷом диҳад.

Ҷаҳони имрӯз дар ҳоли ҳаракат ба сӯи бунёд кардани ҷомеъаи донишмадор аст. Падидаи интернет мисоли равшане аз чунин ҷомеъа аст. Созмонҳои донишмеҳваре мисли Академияи илмҳо, Академияи илмҳои тиб, Академияи кишоварзӣ, Академияи тањсилот, донишгоҳҳову донишкадаҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тахассусии кишвар истифодакунанда ва тавлидкунандаи дониш ҳастанд. Дар чунин шароит корманди китобхона барои дуруст иҷро намудани вазифаҳояш бояд тавонмандиҳои бештару беҳтар нисбат ба системаи анъанавӣ ва маъмулию соддаи пешин дошта бошад. Роҳи ягонаи китобхонаҳо дар чунин фазо мусаллаҳ шудан бо донишҳои муосири технологӣ аст.  Барои сохтани ҷомеъаи донишмеҳвар моро лозим аст барномаҳои пешрафти соҳаҳои мухталифи кишварро бо назардошти аҳаммияти воситаҳои ҷадиди иттилоот таҳия ва танзим кунем.

Фарҳангу маданияти анъанавии мо, ки дар тӯли таърих полоиш ёфта, ҳуввияти миллии моро то андозае сомон бахшидааст маърази таҳдидҳои ҷиддӣ қарор гирифтааст. Олами интернет олами маҷозист ва аз ҷаҳони воқеии перомуни мо фарқ мекунад. Дар олами маҷозӣ инсон дар муҳите бидуни сарҳад қарор мегирад, ки аз фарҳангҳои мухталиф созмон ёфтааст. Бар иловаи ҷанбаҳои хуб ва фоидаовар интернет метавонад зиёну фитнаҳоеро дар ҷомеъа ба вуҷуд оварад.  Яке аз андешмандони муосир Жан Бодрийар ба ин бовар аст, ки дар олами иттилооти муосир таҳриф ҷойи ҳақиқатро гирифтааст. Ӯ таъкид мекунад, ки бисёре аз беимониҳову тундравиҳо аз набуди иттилоърасонӣ нест, балки аз теъдоди аз ҳад зиёди иттилоърасонист, ки дар бисёре аз мавридҳо анбошти беш аз ҳадди иттилоот сабаби инҳирофоту  каҷравиҳо дар ҷомеъа мешавад, зеро бо афзудани теъдоди иттилоот инсон фурсати  таҳлилу арзёбии онҳоро намеёбад ва дар натиҷа наметавонад бо баррасии ҷиддию ҳаматарафаи онҳо ба натиҷаҳои матлуб бирасад ва бар асоси натиҷагириҳои хеш амал кунад. Чунин вазъият дар ҷаҳони иттилоот ба он меоварад, ки дар оянда иттилоот маънои иртиботии худро то андозае аз даст хоҳад дод.

Афзоиши таҳмилҳои бегонаи фарҳангию динӣ дар ҷомеъаи Тоҷикистон, бавежа дар зеҳни ҷавонон аз тариқи фазои маҷозӣ ва интернет сурат гирифта, пайравии кӯр-кӯронаву ноогоҳона аз падидаҳои зоҳирии суннатҳои бегона ба анъанаҳоии миллии мо халал ворид менамояд. Чопи аксҳои даҳшатангезу ғайриахлоқӣ, навиштаҳои ғайриилмии тавҳиномез нисбат ба муқаддасоти миллию фарҳангӣ, маводи мухталифи муғризонаи хушунатангез ба хотири тафриқаандозӣ дар ҷомеъа аз тарафи нерӯҳои манфиатталаб сабаби осебҳои равонию иҷтимоии ҷомеъа мегардад. Ин навъи иттилоотро наметавон як зуҳуроти зоҳирӣ пиндошт. Дар зери ин «ниқоб» вирусҳое ниҳуфтаанд, ки бар андешаи мардум таъсири амиқе мегузоранд. Гаравидани ҷавонон ба ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои тундрави экстремистӣ маъмулан аз тариқи интернет сурат мегирад. Таҳаввули эҷодшуда тавассути технологияҳои иттилоърасонии муосир таъсири шигарфе ба тамоми ҷомеъаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон гузоштааст. Вазифаи китобхонаҳо дар чунин вазъият аз он иборат аст, ки ҳарчи бештар қишрҳои мухталифи ҷомеъаро ба ниҳодҳои хеш ҷалб намуда, аз тариқи роҳнамоиҳои ҳирфаӣ завқу хоҳишҳои ононро ҷиҳати истифода аз саҳифаҳои созанда ва омӯзандаи интернет бедор намоянд. Чунин тарзи ҳадафноки истифода аз интернет боис мешавад сатҳи гуфтугӯи фарҳангу тамаддунҳоро дар миёни миллатҳои мухталиф боло бурда, имкони шинохти беҳтару бештари ҷомеаи башариро нерӯ бахшид.

Дар замони мо иттилоот яке аз унсурҳои муҳимми рушди ҷомеъа аст. Инсони имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ: илмӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба дониш ва огоҳиҳои полишёфта ва созмондодашудаву маънидор, ки дар олами ҳастӣ ҳамвора ба зуҳур мерасанд, ниёз дорад. Ҳар кишваре, ки хостори пешравӣ ва таҳаввулу ташаккули ҷомеъааш ҳаст, ногузир аст аз иттилоот баҳраманд бошад, бахусус дар замони мо, ки суръати густариши фазои иттилоотӣ ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст. Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо дарки аҳаммияти иттилоот ва таъсири он бар ҷомеъа сармоягузориҳои зиёде дар ин соҳа кардаанд. Масалан Ҷопон, Малайзия, Сингапур ва кишварҳои пешрафтаи олам бар асоси фоидамандии иттилоот ба муваффақият ноил шудаанд.

Китобхонаҳое, ки технологияҳои нави фаъол надоранд, наметавонанд нақши фарҳангӣ ифоъ кунанд. Нодида гирифтани пешравию навгониҳо дар технологияҳои иттилоотӣ ва мавриди истифодаи густарда қарор надодани онҳо дар интиқоли падидаҳо ва навгониҳои илмию фарҳангӣ моро дар ҳолати ногувори пайравии кур-курона  қарор хоҳад дод ва заминаи ворид гардидани ҳар гуна падидаҳои номатлубу зараровари фарҳанги бегонаро фароҳам хоҳад овард.

Китобхона ба ҷамъоварӣ, захира ва мубодилаи дониш сарукор дорад ва бо омодаву бастабандӣ кардани иттилоот дар шакли осону писандида ба интиқол ва мубодилаи дониш ёрӣ мерасонад. Дар кишваре, ки дониш ва воситаҳои иртиботӣ вазъи нигаронкунанда доранд, китобхона бояд нақши муассиртареро дар ҷомеъа иҷро намояд. Бояд дар таъмини ҳамешагии молию зеҳнии китобхонаҳо ва ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ будани ситемаи таълим дар факултаҳои китобдории донишгоҳҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Маќомоти ваколатдори соња дар таҳким бахшидан ба курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзии китобдорон, ки дар Китобхонаи миллӣ фаъолият мекунад, ҷудо намудани квотаҳои махсус барои таҳсил дар донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ дар риштаҳои мухталифи китобдорӣ, дастгирии молии китобхонаҳои донишгоҳӣ, шаҳрӣ, ноҳиявию ҷамоатҳои деҳот бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Дар барномарезиҳои ҳукумат китобхонаҳо бояд ҷойгоҳи муносибе дошта бошанд, то битавонанд дар таҳким бахшидани пояҳои давлати мустақили Тоҷикистон ва густариши ҳарчи бештари идеологияи миллӣ гомҳои муассиртаре бардоранд. Бар илова, бояд гуфт, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон дастовардҳои боарзише мавҷуд аст, ки метавон бо ифтихор дар дастраси ҷомеаи башарӣ гузоштани онҳо ҷаҳониёнро аз муҳтавои онҳо огоҳ сохт ва рушду таҳаввулоти кишварро ба маънои воқеъияш ба исбот расонд.

Омода намудани замина барои дастёбӣ ба иттилооти дурусту фоидаовар фарҳанги миллатро тавсеъа бахшида, ниёзҳои моддию маънавии онро бароварда карда, сатҳ ва сифати зиндагии моддию маънавии шаҳрвандонро ба суръати бештар пеш мебарад. Дар замони муосир пешрафти ҳар кишвар дар заминаи илму дониш фароҳам хоҳад шуд. Дар кишваре, ки шароити рушди китобхонаҳо фароҳам карда шудааст, ҷомеъаи он давраҳои тараққиро яке паси дигар ба осонӣ тай намудааст ва он ҷое, ки китобхонаҳо дар кунҷи фаромӯшӣ ва камтаваҷҷуҳӣ қарор гирифтаанд, ҷомеъа дар ҳоли таназзул қарор дорад. Бовар дорам, ки бе аз бар накардани илмҳои муосир ба пешравӣ ноил нахоҳем гашт ва роҳи расидан ба ормонҳои миллию башарӣ бо боло бурдани фарҳанги китоб, китобхонӣ ва китобдорӣ муяссар хоҳад шуд.

Шодимуҳаммад СӮФИЗОДА

директори Китобхонаи марказии илмии

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон