Ба мақсади ташвиқу тарғиби дастовардҳои олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии ҷомеа, нишон додани роҳҳои татбиқи дастовардҳои илмӣ дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг ва мусоидат ба рушди илми ватанӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ маҷаллаи академии илмию оммавӣ бо номи “Илм ва Ҷомеа” бо қарори Раёсати АИ ҶТ аз 14 – уми сентябри соли 2015, таҳти рақами 80 таъсис дода шудааст.
Ҳадаф аз таъсис додани ин маҷалла нашри мақолаю маводҳои илмии олимону донишмандони тоҷик, бозтоби дастовардҳои илмии ҷаҳониён, ошкор кардани мушкилоти ҷаҳони муосир ва ба донишомӯзи ҷалб намудани ҷавонон, мусоидат кардан ба ҳалли мушкилоти мубрами Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад. Зикр намудан зарур аст, ки табъу нашри мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ – оммавӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он ба шумор меравад.
Маҷаллаи академии илмию оммавии “Илм ва Ҷомеа” 17 – уми декабри соли 2015 аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва дар як сол чор маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр хоҳад шуд.
Муассиси маҷалла Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармуҳаррири он доктори илмҳои фалсафа Ҳафиз Бобоёров аст.
Маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа” мақолаҳо ва маводи илмии аҳамияти рӯзмарра дошта ва алалхусус илмӣ – оммавиро ба табъ мерасонад, то ки ба ин восита донишҳои илмӣ барои доираи васеи хонандагон дастрас, ҷолиб ва оммафаҳм бошанд.
Дар маҷалла мақолаҳои илмие ҷой меёбанд, ки ба як соҳаи таҳқиқотӣ маҳдуд набуда, балки хусусияти байнисоҳавӣ дошта бошанд.
Бо назардошти консепсияҳои ягонаи таҳқиқоти байнисоҳавӣ, мақолаҳо ва маводи маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа” аз рӯи мавзуъҳои мубрами илм ва ҷомеаи муосир ба нуҳ бахш гуруҳбандӣ гардидаанд: “Ҷаҳони муосир” ва “Ояндашиносии равандҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир”, “Фалсафа ва назарияҳои байнисоҳавӣ”, “Ҷаҳон аз нигоҳи дигар”, “Маорифпарварӣ ва ҷаҳонбинии алтернативӣ”, “Дастовардҳои илму техникаи муосир”, “Маориф ва рушди инсон”, “Бозёфтҳои ҷавонон”, “Пажуҳиш дар адаб ва ҳунар” ва “Пешниҳодҳо ва эълонҳо” мебошанд.