«Захираи Хоразмшоҳй» асари Ҳаким Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ

Ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Хайати таҳририя:

Фарҳод Раҳимй (раис),  Ҷӯрабек Назриев,  Убайдулло Қурбон. Қосимшо Искандаров, Муҳаммад Абдураҳмон, Абдушукур Тошев, Саиднуриддин Шаҳобиддинов, Юсуф Нуралиев

 

Муҳаррири масъул: Раҳма ткарим Давла тов

 

«Захираи Хоразмшоҳй» асари Ҳаким Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ дар таърихи илми тибб нахустин ва барҷастатарину муфасалтарин асари энсиклопедии тиббӣ мебошад, ки ба забони тоҷикӣ-форсӣ нигошта шудааст. Дар он номи анвои бемориҳо ва дардҳо – аз мӯи сар гирифта. то нохуни по ва тарзи муолиҷаи онҳо, номи анвои доруҳо, гиёҳони тиббӣ ва хӯрокӣ, анвои ҷонварону хосияти онҳо, навъҳои меваҳо ва хӯрокҳову маъҷунҳо ва фишурдаҳову ҳалвоҳо ва ғайраву ҳоказо омадааст, ки сабаби шуҳрат ёфтани ӯ ҳамчун табиб ва ҷовидона гардидани номи ӯ дар қатори дигар донишмандони тоҷик ба монанди Абӯалй ибни Сино, Закариёи Розй, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон гардидааст.

Феҳристи мафҳумҳои тиббӣ, ашхос, номҳои ҷуғрофӣ ва китобҳо дар охири китоби даҳум илова мешавад.