Академик Муҳаммад Осимӣ ва омӯзиши масоили тамаддуни Осиёи Марказй(таҳқиқот),Мураттиб ва муҳаррири масъул: профессор Аскаралӣ Раҷабов.Тоҷикӣ,русй ва англисй, Душанбе, 2020, 868 саҳ.
Таҳқиқоти дастаҷамъии академй, ки манзури аҳли илм ва фарҳанг мешавад, ба ифтихори 100-умин солрӯзи донишманди барҷаста, ходими намоёни давлатию ҷамъиятй, поягузори анҷумани тоҷикон ва фор- сигӯёни ҷаҳон «Пайванд», аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои СССР, барандаи Лауреати байналмилалии ба номи Ҷ. Неру, академик Муҳаммад Оеимй (1920- 1996), бахшида шудааст. Бори нахуст чунин асари ҷомеи таҳқиқотй,ки дар он масоили таърихию назарии мерос, афкори иҷтимоию фалсафй, адабию фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ, саҳми ин донишманди фарзона бо диди нави таҳқиқию татбиқӣ ба қалам омадааст.Таъкид ба ёдоварист,ки фаъолияти илмию идории бонизоми академии Муҳаммад Осимӣ ва саҳми ӯ дар таърихи илм ва фарҳанги садаи XX- садаи заррини илми академй муассир буда ва ин таҳаввулоти чашмрас бар пояи тозатарин аснод дар муқоиса ба навиштаҳои то имрӯз рӯи кор омада,ба риштаи таҳқиқ омадаанд. Зим- ни ин дар аксари навиштаҳои олимони ватанию хориҷй,ки дар ин асари ҷомеи академй ворид шудаанд, муҳимтарин масоили таърихию назарии тамаддуни мардумони Осиё Марказӣ қаламдод шудаанд. Хайати таҳрир: Абдуҷаббор Раҳмонзода, Фарҳод Раҳимӣ, Мусо Диноршоев, Акбар Турсон, Эраҷ Баширй, Кароматулло Олимов, Масъуд Миршоҳй, Муҳаммад Абдураҳмон, Қосимшо Искандаров, Насрулло Убайдулло, Аскаралй Раҷабов, Саъдулло Раҳимов. |
Мукарризон: Саъдулло Раҳимов-доктори илмҳои фалсафа, профессор. Абдувалй Қӯшматов-доктори илмҳои таърих, профессор