Тактикаи умумӣ: китоби дарсӣ / Ш. Р. Шоҳиён ва дигарон]; муҳаррир – Р. Зулфониён. Муҳаррири техникӣ – майор А. Ғафуров. – Душанбе: Донишкадаи ҳарбӣ, 2025. – 376 с.

Муаллифон:

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковник Шоҳиён Ш.Р.

– бобҳои I, III, V, IX;

номзади илмҳои ҳарбӣ, полковник Тошматов Ф.У. –
боби VI, X, XI;

полковник Туронзода Р.З. – боби VIII;
полковник Мамадвалиев Э.С. – боби II, IV;
полковник Эмомализода Ф.Э. – боби VII.

Тактикаи умумӣ: китоби дарсӣ / Ш. Р. Шоҳиён ва
дигарон]; муҳаррир – Р. Зулфониён. Муҳаррири техникӣ – майор
А. Ғафуров. – Душанбе: Донишкадаи ҳарбӣ, 2025. – 376 с.

Муқарризон:

Номзади илмҳои ҳарбӣ, полковник Абдураззоқов Ф.
Доктори фалсафа (РйО), полковник Умарзода С.

Китоби дарсӣ ба барномаи таълимии омода кардани курсантон
(донишҷуён)-и донишкадаҳои олии ҳарбӣ, макотиби олие, ки дар онҳо
кафедраҳои ҳарбӣ фаъолият мекунанд, ба фанни «Тактикаи умумӣ» мувофиқ
мебошад. Китоби мазкур дар асоси талаботи оинномаҳои ҷангии Қувваҳои
Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастуру роҳнамоҳои амалкунанда
оид ба омодакунӣ, ташкил ва пешбурди ҷанги умумиқушунии муосир аз
ҷониби қисму воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷкистон коркард
шудааст. Таҷрибаи ҷангҳои дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон баамаломада
омӯхта ва дар китоби мазкур ворид гардидаанд.

Масъалаҳои асосҳои омодакунӣ, ташкил ва пешбурди ҷанги
умумиқӯшунии муосир аз ҷониби сарбозон ва отделенияҳои Қувваҳои
Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, амали командири отделения оид
ба ташкил ва пешбурди ҷанг, идоракунии ҷузъу томҳо дар ҷанг, сарбоз ва
отделения дар ҳуҷум ва мудофиа, дар марш, дар заставаи сафарӣ ва дар
разведка (пайҷӯӣ)-ро меомӯзад. Муқарраротҳои асосӣ оид ба омодагӣ ва
пешбурди ҷанги умумиқушунӣ аз ҷониби ҷузъу томҳои тирандози савора,
инчунин, тавсияҳо оид ба истифодабарии отделенияҳои норинҷакандоз,
пулемётӣ, (пулемётӣ-зиддитанкӣ) дар ҷангҳои гуногун маълумотҳо дода
мешавад. Масоили таъминоти ҳаматарафаи амалиётҳои ҷангӣ, сохти
ташкиливу воҳидӣ, силоҳу аслиҳа ва тактикаи артишҳои кишварҳои хориҷаро
дар худ кушодааст.

Дар ҷаласаи Шурои олимони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 аз                 июни соли 2025 муҳокима ва тасдиқ

карда шудааст.