Шоинбеков Аловиддин. Шохбурҳони Валӣ. – Душанбе “Сифат- Офсет” 2023-108 саҳ.

Бо қарори Шӯрои олимони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 3.03.2023, №2 ба чоп тавсия гардид.

Шоинбеков Аловиддин. Шохбурҳони Валӣ. – Душанбе “Сифат- Офсет” 2023-108 саҳ.

Муҳаррири илмӣ:
доктори илмҳои фалсафа
Отамбек Мастибеков

Зери назари доктори илми филология
Қаландариён Ҳоким Сафар

Муқарризон:

Д. Мирзоҳасанов – Шоири халқи Тоҷикистон
Ҷ.Улфатшоев – Узви Итифоқи нависандагони Тоҷикистон
Ороиши компютери: Латипов Мирзоазиз

Соли 2022 бо ташаббуси бевоситаи МИҲД-ии ВМКБ ва кӯмаки молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ тармиму таҷдиди яке аз ёдгориҳои калони таърихии н. Роштқалъа мазори Шоҳбурҳони Валй дар ҷамоати деҳоти Тусиён оғоз ёфт. Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ тасмим гирифт, ки дар пайравии ин иқцоми нек китоберо таҳти унвони «Шоҳбурҳони Валӣ» нашр намояд.

Исми Шоҳбурҳони Валӣ дар Бадахшон, бахусус, дар ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим, Шуғнон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ хеле машҳур буда, бисёр мавзеъҳо ва нақлу ривоятҳоро ба номи ӯ мансуб медонанд. Аз ин ҷо зарурате ба миён омад, ки дар мавриди ин шахсият ва маконҳои ба номи ӯ марбут маводе гирдоварӣ гардад, то кӣ будани ин фарди номдор ва зиндагиномаи вай маълум шавад.

Дар ноҳияҳои Ишкошиму Роштқалъа хонаю оромгоҳ, зиёратгоҳу қадамгоҳи ин ориф зиёданд ва онҳо чун мавзеъҳои таърихӣ қимати баланди илмй доранд.

Китобча барои сайёҳон, кишваршиносон, таърихшиносон, мардумшиносон, фолклоршиносон ва доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.