Хоҷамуродов О. Нигоҳе ба ҷунбиши ислоҳи хат дар Эрон (аз охирҳои асри XIX то солҳои 70-уми асри XX) / Олимҷон Хоҷамуродов.- Душанбе: “Мулквар”, 2023. – 108 с.

Китоб бо қарори Шӯрои илмии Маркази мероси хаттии назди РаёсатиАкадемияи миллии илмҳоиТоҷикистон №-3 аз 30. 03.2021 нашр мегардад.

Хоҷамуродов О. Нигоҳе ба ҷунбиши ислоҳи хат дар Эрон (аз охирҳои асри XIX то солҳои 70-уми асри XX) / Олимҷон Хоҷамуродов.- Душанбе: “Мулквар”, 2023. – 108 с.

Маҳаррирон:

Ҳасани Султон, доктори илми филология, узви вобастаи АМИТ Раҳматкарим Давлатов, номзади илмҳои таърих

Муқарризон:

д.и.ф., профессор Қосимов О.Ҳ.,
н.и.ф., Алии Муҳаммадии Хуросонй

Веростор: н.и.т. Карамалишоев К.Н.

Дар солҳои ахир дар васоити ахбори оммаи кишвар ва расонаҳои хабарии хориҷӣ назарҳои сатҳӣ, муғризона ва те ҳадде низоъбарангез перомуни тағйири алифбо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз хатти арабиасос гузаштан ба алифбои лотинй. сипас ба кириллӣ) ҳамчун иштибоҳи бузург талаққӣ мегардад.

Барои посухи илмиву қотеъ ба ин қабил андешаҳо бояд таърихи ҷунбишҳои ислоҳталабӣ дар соҳаи хат ва маориф. ки дар кишварҳои исломии Шарқи Мпёнаву Наздик, пеш аз ҳама дар Эрон аз нимаи дуюми асри XIX то нимаи аввали XX ба вуқӯъ пайвстааст, мавриди баррасӣ қарор гирад.

Дар ин рисолаи мухтасар, муаллифи он, эроншиноси точик Хоҷамуродов О. саъй кардааст, бар мабнои матолиби дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва шахсй мавҷудбуда, ҳаракатҳои ислоҳталабии рӯшанфикрони Эронро дар мавриди ислоҳ ё тағйири хатти форсӣ аз нимаи дуюми асри XIX то солҳои 70-уми асри XX ба муоина гирад.

Рисола барои коршиносон, устодон, донишҷӯёни макотиби олӣ ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.