Эмомов Асроридцин. Масъалаҳои интишори забони араби дар Хуросон ва Мовароуннаҳр. Душанбе: ЭР-граф, 2022. – 300 с. |
Зери назари доктори илмҳои филологи Мардонӣ Тоҷиддин Нуриддин |
Муҳаррири масъул ва тахиягар номзади илмҳои филологӣ Зиёев Субҳиддин Насриевич ва доктор (РhD) Одинаев Абдуҳалим Китобе, ки ба дасти Шумо, хонандаи азиз, расидааст дар навъи худ ягона буда, ба масъалаҳои хеле муҳимми илмию таърихй ва маърифатӣ бахшида шудааст. Дар он таърихи интишори забони арабӣ ва таърихи таълиму тадриси он дар замони густариши дини мубини ислом дар сар- замини Хуросону Мовароуннаҳр таҳкик гардидааст. Мавод ва дастовардҳои рисоларо метавон ҳангоми таълифи китобҳои таърихи адабиёти араб ва форсу тоҷик, рисолаҳои илмии марбут ба ин мавзӯъ ва замон, ҳангоми баррасй ва таҳқиқи равобити адабиву забонй ва таърихии мардуми форсу тоҷик ва араб истифода намуд. Дар рисола аз боби заминаҳо ва сабабҳои таърихии ба вуҷуд омадани илми наҳви арабй ва асосгузорони он, ки форсҳо дар миёна- шон кам набуданд, маълумотҳои зиёд оварда шудааст, ки барои натанҳо пажӯҳишгарони соҳаи наҳви забони арабӣ, балки барои забоншиносони тоҷик низ метавонад муфид бошад. |