Салимӣ Носирҷон, Шарифзода Абдуфаттоҳ Тоҷики оламшумул. (Нашри дуюми такмилёфта). -Душанбе: «Дониш», 2022. – 364 саҳ.

Салимӣ Носирҷон, Шарифзода Абдуфаттоҳ

Тоҷики оламшумул. (Нашри дуюми такмилёфта). -Душанбе: «Дониш», 2022. – 364 саҳ.

 

Муаллифон тасмим гирифтаанд, ки дар ин рисола нақш ва мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба корнома ва хидматҳои таърихии ин абармарди сиёсии замони муосир такя мекунад, дар масири 30 соли таърихи навини тоҷикон ба қадри имкону тавони хеш равшан ва ба хонандагон манзур

намоянд.

Шахсияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар партави баҳсҳои марбут ба заминаҳои таъмини сулҳу салоҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ дар кишвар, ислоҳоти конститутсионй ва эъмори ҳокимияти давлатӣ, барномарезиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳаввулоти маънавӣ, фарҳангӣ ва маърифатии Тоҷикистони давраи нав, роҳандозии сиёсати дарҳои боз дар муносибат бо ҷаҳони имрӯз меҳвари таҳқиқ ва арзишгузории муаллифон қарор гирифтааст.

 

Китоб бо дастгирии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Фарҳод Раҳимй бо чоп расид.