Нақш ва ҷойгоҳи зан дар ташаккул ва пешрафти фарҳанги бадей: анъана ва имрӯз (таҳқиқот). Мураттиб ва муҳаррири масъул: профессор Аскаралӣ Раҷабов, Душанбе, 2022, 608 саҳ.
Дар ин таҳқиқоти дастаҷамъӣ масоили мубрами таърихию назарӣ доир ба зан- бонуи эҷодкор дар оинаи таърих ва ҷомеаи фарҳангй, фаъолияти пурбори занон дар санъату ҳунарҳои бадей, анъанаи эҷодию иҷроӣ (дар шеъру мусиқӣ, аз замони бостон то оғози садаи XX) падидаи зан чун меросбару таъсиргузор дар эҷодиёти мусиқй- шеърӣ (садаи XX ва сарогози садаи XXI), густариши анъанаҳои эҷодиёти мардумӣ ва касбй (зан- суханвар, мутриб ва сароянда), нигоҳи эстетикию бадей ба ҳунари занон (дар иҷрои осори мусиқию шеърӣ ва анвои ҳунарҳои бадей: театр, рақс, кино), рангомезии суннати устод-шогирд (дар эҷодиёти занони ҳунарманд дар мисоли санъати мусиқию шеърй) ва амсоли ин ба риштаи таҳқиқ омадааст. Зимни ин ташаккул, густариши суннатҳои эҷодию иҷроии занони ҳунарманди имрӯз дар мисоли фаъолияти эҷодию иҷроии Артисткаи халқии Тоҷикистон Мастона Эргашева чун сарояндаи касбӣ, навозандаю мусанниф ва кори ҳунариаш дар густариши анъанаи иҷроии боҳунарона, асосгузори авваллин дастаи ҳунарии бонувони дуторӣ (дар Тоҷикистон), мутрибу таргибгари мероси мусиқии мардумӣ, классикӣ ва муосири тоҷику ӯзбек, идомати анъанаи бонувонаи устод-шогирд дар раванди идомаи суннатҳои касбии созандагию иҷрой ва амсоли ин дар навиштаҳои муҳаққиқон таҳқиқ шудаанд. |