Муҳаррирон: профессор
профессор |
Т.Точиев |
Камолиддинов |
профессор Ш.Кабиров |
Саид Ҳалимов. Таърихи забони адабии тоҷикй (аз асрхои 1Х-Х то ибтидои асри XX). – Душанбе, ҶДММ Суфра” 2022. – 596 с. |
Таърихи забони адабии тоҷикӣ ҳамчун фанни забоншиносй дар факултетҳои филологияи тоҷики донишгоҳҳои ҷумҳуриамон омӯхтаву таълим дода мешавад, вале то ҳол доир ба ин мавзуъ китобе, ки фарогири ҳамаи асрҳо бошад, чоп нашудааст.
Навиштани китоби дарсии таърихи забони адабии тоҷикй, ки осори хаттии бою гуногуни беш аз ҳазорсола дорад, кори осон нест, саъю кӯшиши гурӯҳи мутахассисони зиёд лозим аст ва ба кору заҳмати онҳое вобаста аст. ки ин фанро дар донишгоҳу донишкадаҳо дарс мегӯянд ва аз эҳтиёҷу талаботи донишҷӯён бохабаранд. Дар ин китоб ҳамчун васоити таълим кӯшиш шудааст, ки ба донишҷӯён дар бораи вазифаҳои таърихи забони адабй, ташаккули забони адабии тоҷикй, инкишофи забони адабии мо аз асрҳои 1Х-Х то ибтидои асри XX ва хусусиятҳои лексикию грамматикии он ба таври мухтасар маълумот дода шавад. Бо қарори Шурои илмй-методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз санаи 22.02.2022 №6 ба чоп тавсия шудааст. Эҳдо аз фарзандон ба аҳли илму фарҳанг. Ба гиромидошти 90 – солагии олими барҷаста Саид Ҳалимов. |