ҲУСАЙН ВОИЗИ КОШИФӢ ВА СУННАТИ ТАФСИРНИГОРИИ ҚУРЪОН БА ЗАБОНИ ФОРСИИ ТОҶИКИ (АСРҲОИ X-XV)

Саидмукаррам

Дар рисола бори нахуст дар адабиётшиносии ватанию хориҷӣ масъалаҳои алоқаманд ба зиндагинома, мероси илмию адабӣ, ҷаҳон бини, фаъолияти тафсирнависии Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва суннати тафсирнигории Қуръон ба забони форсии тоҷикӣ дар асрҳои X-XV ба таври монографӣ мавриди таҳлилу таҳқиқи адабиётшиносӣ қарор гирифтааст. Масъалаи тафсирнигорӣ ба Қуръони карим ба забони форсии тоҷикӣ дар фосилаи муайяни замониӣ ва дар қиёс бо таърихчаи тафсирнигорӣ ва дар ҳамин замина муайян кардани саҳми Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар ривоҷи тафсирнависӣ ба Қуръон бори аввал мавриди пажӯхиш қарор дода шудааст.
Муаллифи рисода машҳуртарин китоби тафсири ба Қуръони азимушинаън навиштаи Хусайн Воизи Кошифӣ – “Мавоҳиби Алийя”, ё худ “Тафсири Ҳусайнӣ” -ро ба таври  фарогир, бо назардошти мавҷудияти нусхаҳои дастнавису чопии асар, сарчашмаҳои таълиф, арзишҳои илмию адабӣ ва вижагиҳои сабқӣ таҳлилу таҳқиқ кардааст.