МУҲАММАД ОСИМӢ (БАХШИДА БА ҶАШНИ 100-СОЛАГИИ УСТОД)

M.OМуҳаммад Осимӣ [Матн]: Нишондиҳандаи библиографӣ бахшида ба ҷашни 100 – солагии устод / Мураттибон: Ш.З.Суфиев, Ё.Бердизода; Зери назари Ф.Раҳимӣ. – Душанбе: Дониш, 2020. – 280 с. – (Мавод оид ба биобиблиографияи олимони Тоҷикистон Нашри 80-ум).

Нашри пешниҳодшудаи силсилаи «Мавод оид ба биобиблиографияи олимони Тоҷикистон» ба академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Муҳаммад Осимӣ бахшида шудааст.

Биобиблиография аз Пешгуфтор, Санаҳои муҳими ҳаёт ва фаъолияти М. Осимӣ, мухтасари фаъолияти илмӣ, илмӣ-ташкилӣ ва ҷамъиятии ӯ, мақолаи муқаддимавӣ дар васфи олим ва 5 кисмати асосӣ иборат буда, дар қисмати аввал асарҳои чопшудаи олим, дар қисмати дуюм асарҳои таҳриркарда ва тартибдодаи олим, дар қисми сеюм асарҳои тарҷумакардаи олим, дар қисмаи чаҳорум адабиёт дар бораи ҳаёт ва фаъолияти олим ва дар қисмати панҷум таъзияномаҳо оварда шудаанд. Таснифи мавод дар китоб бо тартиби хронологӣ, ва дар дохили ҳар як сол бо тартиби алифбо сурат мегирад.

Барои осон намудани кори пажӯҳишгарон дар охири китоб дастгоҳи илмӣ – ёрирасон оварда шудааст, ки он аз нишондиҳандаи алифбоии асар, нишондиҳандаи алифбоии ашхос, нишондиҳандаи асарҳои таҳриркада, тартибдода ва асарҳои тарҷумакардаи олим иборат мебошад.