КИТОБИ «АФҒОНИСТОН: ЧОЛИШ ВА ТАҲДИДҲО» АЗ ЧОП БАРОМАД

21397655_961819537291971_1724852677_n

Китоби муҳаққиқ Саймуддин Мирзоев таҳти унвони «Афғонистон: чолиш ва таҳдидҳо» тавассути нашриёти «Ирфон» дар муҳити иттиллоотии кишвар бо забони русӣ ба табъ расид.

Муаллиф бо зеботарин шеваи илмӣ ва усули таҳқиқотӣ масоили печидаву мубрам, буҳрон, мушкилоти рӯз ва омилҳои пайдоиши таҳдиду хатар ва хушунату тундагароиро дар кишвари Афғонистон мавриди баррасӣ қарор додаст. Ӯ зимни баррасии масоили зикргардида, сарчашмаи пайдоиш, омилҳои шаклгирӣ ва тавсеаёбии ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистиро дар Чумҳурии Исломии Афғонистон муаррифӣ намуда, роҳҳои таъмини амнияти давлатдории миллӣ ва муқовимат алайҳи ҳамагуна ҳаракатҳои тундрав ва иртиҷоиро нишон додаст.

Китоби мазкур дар шинохти бархурди манфиатҳои бузург ва қудратҳои ҷаҳонӣ, ки дар кишвари Афғонистон саҳми калидӣ доранд, аҳаммияти ҷиддӣ дорад.

Муаллиф дар асоси санадҳои таърихӣ ва далоили қавии таҳлилӣ сабабҳои аслӣ ва калидии бур ҳони сиёсӣ, иҷтимоӣ, амниятӣ ва иқтисодии ҶИА-ро нишон дода, изҳор доштааст, ки ин авомил боиси тақвиятёбӣ ва решадавонии таҳдид ва хатарҳои байналмилалии террористӣ гаштааст.