ВОХУРИИ АЛ-БОДӢ ДАР ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

bigi-730x4808 – уми июн дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад Ал-Бодӣ бо кормандони он сурат гирифт.

Дар вохӯрӣ сараввал сафири Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад Ал-Бодӣ бо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд анҷом дода, баъдан бо кормандони Институти мазкур сӯҳбат намуд.

Қайд гардид, ки Институт омода аст бо олимону пажуҳишгарони Арабистони Саудӣ барои омӯзиши масъалаҳои гуногун ҳамкорӣ намояд.

Дар навбати худ сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон аз мулоқоти судманд изҳорӣ миннатдорӣ карда, омодагии ҷониби Арабистони Саудиро дар масъалаи илм ва пажӯҳиш иброз намуд.

Мулоқот дар фазои судманд сурат гирифта, дар охир байни сафир ва кормандони Институт суолу ҷавоб оид ба вазъи сиёсии Осиё ва муносибатҳои Институт бо доираҳои илмии Арабистони Саудӣ сурат гирифт.