4 – уми ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати устодони Донишгоҳи Айоваи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳаққиқи ҷавон аз Ҳиндустон Пракаш Пранав семинари илмӣ–пажуҳишӣдар мавзӯи “Истифода аз равишҳои муосири илмӣдар таҳқиқи адабиёти форсӣ (дар мисоли рӯзгор ва осори Ҳасани Деҳлавӣ)” баргузор гашт.
Дар ибтидо Шодимуҳаммад Сӯфизода директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмон ва ширкаткунандагони семинарро хушомадед гуфта, таъкид кард, ки дар семинари мазкур бо равишҳои нави таҳқиқоти илмӣ ва ҷаҳонбинии илмии муҳаққиқони Аврупо гуфтмон хоҳем кард.
Пракаш Пранав диққати ширкаткунандагони семинарро ба ду мавзуъ, яке равишҳои муосири таҳқиқ дар соҳаи адабиёшниосӣ ва дигар ба мавзӯи таҳқиқоти илмии худаш-Ҳасани Деҳлавӣ ҷалб кард.
Ӯ зимни баёни ин ки вусъати таҳқиқ ва равишҳои муосир дар ҷаҳони Аврупо дар заминаи адабиётшиносӣ густариш ёфтааст, нукоти арзишмандеро доир ба равиши таҳқиқи осори адабӣ ироъа кард. Ба андешаи ӯ, ҳоло дар ҷаҳони ғарб тибқи равишҳои муосири таҳқиқи илмӣ осори адабӣ бар мабнои улуми зистшиносӣ, равоншиносӣ, фалсафа ва ғайра таҳқиқ мешавад. Гуфта шуд, ки барои таҳқиқи таъсири муҳити фарҳангӣ бар эҷодиёти як шоир ё нависанда як мутолиъоти зистшиносӣ, равоншиносӣ, фарҳангишносӣ дар ҳамон минтақа анҷом дода шавад, то осор ва ашъори шоири мавриди назар дуруст ва дақиқ таҳқиқ шавад.
Инчунин, ӯ доир ба Ҳасани Деҳлавӣ, ки мавзӯи кори илмиаш будааст, изҳори назар карда, баён кард, ки бо равишҳои муосири таҳқиқӣ ӯ назарияи нави омузиши осори ин шоири бузургро таҳқиқ хоҳад кард.
Дар поёни семинар суолу ҷавоб сурат гирифт. Пракаш Пранав ба суолҳои иштирокунандагон посух дод ва ширкаткунандагон аз баргузории чунин семинар изҳори хушнудӣ намуданд.