16 – уми июни соли 2016 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби “Баёзи Шашмақом” бо иштироки шоирону нависандагон, олимону адибон, шашмақомхонон ва аҳли фарҳанги кишвар доир гардид.
Ҷамъомадро ба ин муносибат президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки соли 2000 бо Фармони таърихии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду нумӯи санъати волои Шашмақом шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуд.
Мусиқии Шашмақом дар тӯли зиёда аз ҳазор соли рушду такомули хеш ҳамеша бо шеъри классикии тоҷикии форсӣ пайванд дошт ва дар ҳар марҳалаи навпардозии хеш қабл аз ҳама аз дастовардҳои шоирони бузургамон истифода мекард. Ғазал, тарона, мухаммас, мустазод, рубоӣ ва байтҳо, ки аз ҷониби сухансароёни замон эҷод карда мешуданд, тавассути илмҳои хоса ва ҳунари танбӯриёну муғанниён вориди сохтори Шашмақом мегардид.
Ҳунари Шашмақом аз қадимулайём дар минтақаҳои мухталифи Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик тарғиб гардида буд ва устодони мақомхони тоҷик ин падидаи нодирро ба Хоразму Чин, Ироқу Мағриб интиқол доданд. Аммо бояд бо ифтихор эътироф намуд, ки асри тиллоии санъати Шашмақом маҳз ба замони Истиқлоли Тоҷикистон – ватани аслии ин ҳунар ва сарзамини офаридгорони он тааллуқ дорад.
Сарояндагони мақомҳо зимни ин амал кӯшиш менамуданд, ки беҳтарин намунаҳои назми замонаашонро ба оҳанг дароварда, пешкаши аҳли адабу ҳунар созанд. Ин аст, ки аз замонҳои қадим то охирҳои асри 19 анъанаи мураттаб намудани дафтарҳои махсуси шеър барои сарояндагон ё худ “Баёзҳои Шашмақом” васеъ маъмул гардида буд. Имрӯз дар хазинаи дастхатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз бисту панҷ номгӯи баёз ва рисолаи вобаста ба Шашмақом маҳфузанд, ки бештари онҳо таҳқиқ ва нашр шудаанд.
Сипас, Кароматулло Олимов, Аслиддин Низомӣ, Саидқул Билолов ва Алии Муҳаммадӣ Хуросонӣ оид ба таърихи пурғановати “Шашмақом” сухан гуфта, иброз доштанд, ки китоби интишоршуда армуғони хубест барои дӯстдорон ва мухлисони Шашмақом.
Лозим ба тазаккур аст, ки китоби мазкур бо ибтикор ва зери назари президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ва қарори Шӯрои илмии табъу нашри Академияи илмҳо аз тариқи нашриёти “Дониш”– и АИ ҶТ бо теъдоди 200 нусха аз чоп баромад.
Муҳаррирони китоби мазкур Алии Муҳаммадӣ Хуросонӣ, Аслиддин Низомӣ, Маҳмадёри Шариф ва муҳаррирони он Кароматулло Олимов ва Абдунабӣ Сатторзода мебошанд.
Китоб аз 600 саҳифа иборат буда, бо ашъори тозаи шоирони классик ва муосири тоҷик таҳия намудани маҷмӯаи нав зери унвони “Баёзи Шашамақом” имкон медиҳад, ки минбаъд таҳти навоҳои мусиқии асили аҷдодонамон ва ғазалу таронаҳои дилнавози он садои меҳри беандоза ба ватани соҳибистиқлоламон ва ифтихори миллӣ танинандоз гардад.
Дар таҳияи китоби “Баёзи Шашмақом” ҳамчунин ҳамаи намунаҳои ашъори шоирони классик, ки қаблан дар нашри аввалини панҷҷилдаи Шашмақом ворид карда шуда буданд, комилан истифода гардидаанд.