ОҲАНГҲОИ САМАРҚАНД

АДАШ ИСТАД

Дар ин маҷмӯа адиби шинохтаи тоҷик Адаш Истад баъзе асарҳои бадеии солҳои 1993 – 2014 дар Самарқанд навиштаашро гирдоварӣ кардааст.

Адабиётшинос Ғафурҷон Маҳмудов дар сарсухани ба шеърҳои нави Адаш Истад навиштааш, ки дар рӯзномаҳои “Овози тоҷик” ва “Овози Самарқанд” чоп шуданд, таъкид намудааст, ки дар замони шӯравӣ вазъи онвақтаи Самарқанд имкони бисёр суханҳоро гуфтан набуд ва Адаш Истад кӯшидааст, ки ин камбудиро ислоҳ кунад. Аз осори драматургӣ пйесаи якпардагии “Хӯсмард” аз ҷониби ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Бурҳон Раҷабов дар театр-студияи “Овози Самарқанд” ба саҳна гузошта шудааст.