15 – ум ноябри соли 2016 дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рўзи Президент” намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Мақсад аз ташкили намоиш нишон додани саҳму нақши сарвари давлат дар рушду равнақи босуботи кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва баланд бардоштани мафкураи миллии мардуми мо мебошад. Ин намоиши китоб дар муаррифии саҳми Президенти мамлакат дар татбиқи сиёсати сулҳу баҳамоӣ ва Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамто надорад.
Дар чорабинии мазкур муовини директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Олимов оид ба китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат–ҳастии миллат” сухан ронда, зикр намуд, ки чи тавре аз муҳтавои китоб бармеояд, Пешвои миллат тасмим гирифтаанд, то таърихи забони тоҷикиро дар силсилае бо унвони “Забони миллат-ҳастии миллат” ба нашр расонанд, ки ин китоб китоби аввал аст.
Аз нигоҳи сохторӣ китоби мазкур дар баробари муқаддимаву хулоса ва китобнома фарогири 6 боб мебошад, ки ҳар бобе аз се то панҷ фаслро дар бар мегирад. Он танҳо як навиштае дар бораи таърихи забони тоҷикӣ нест, балки доиратулмаорифест, ки бо такя ба сарчашмаҳои муътамади илмии ватаниву хориҷӣ, қадимиву имрўзӣ рўйи коѓаз омадааст, то хонандагон, махсусан насли ҷавони мо, огоҳ бошанд, ки ниёгони онҳо сарфи назар аз номулоиматӣ ва номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш, кўшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби магистрҳо ва аспирантони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон порчаҳо аз китобҳои Пешвои миллат ва шеърҳо дар васфи ў қироат карда шуданд.