Аслиддин Низомӣ- Шашмақом ва назми форсии тоҷикӣ (пайвандии шеъру мусиқӣ дар фарҳанги тоҷик)- Душанбе: “Дониш”, 2016
Муҳаррири илмӣ: Абдунабӣ Сатторзода, доктори илмҳои филология, профессор
Муқарризон:
Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон
доктори илмҳои филология – М.Муллоаҳмадов,
Доктори илмҳои таърих, профессор З.Акрамов
Китоби мазкур аввалин асари илмиест, ки ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаи пайвандии шеъри форсии тоҷикӣ ва мусиқии ҳирфаии халқи тоҷик бахшида шудааст. Муаллифи асар доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ бо такя ба маълумоти иддаи зиёди рисолаҳои олимони мутақаддим – Ибн Хурдодбеҳ, Ал-Киндӣ, Ал-Форобӣ, Ибни Сино, Муҳаммад Нишопурӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Қутбиддини Шерозӣ, Сафиуддини Урмавӣ, Абдулқодири Мароғаӣ, Маҳмуд Ҳусайнӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Камолиддин Биноӣ, Наҷмиддини Кавкабӣ, Дарвешалӣ Чангӣ, инчунин бо истифода аз осори ба ҳамин муаммо бахшидашудаи муаллифони муосири тоҷик ва ҷаҳонӣ муносибати шеър ва мусиқиро мавриди таҳлил қарор додааст. Дар китоб кулли ҷанбаҳои шаклбандӣ, маънавӣ ва бадеӣ-эстетикии мусиқии классикии тоҷик – Шашмақом дар муқоиса бо анвои пурғановати назми форсии тоҷикӣ – ғазал, тарона, мухаммас, тарҷеъбанд, рубоӣ, байт, мустазод ва ғ. мавриди таҳлили ҳирфаӣ қарор гирифтааст.Китоб барои доираи васеи муҳаққиқони мусиқӣ ва назми форсии тоҷикӣ, инчунин барои кулли мухлисони ҳунари волои Шашмақом пешбинӣ карда шудааст.