| Пирмаҳмад Нуров. Фарҳанги наввожагони ноби точикй. – Душанбе: Дониш, 2025.-206 с.
Муҳаррирон: Мирзо Ҳасан Султон – узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, сарходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ; Абдуҷамол Ҳасанзода – доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хучанд ба номи Бобоҷон Ғафуров. Фарҳанг фарогири кариб 5000 куҳанвожаҳои камисч ифодаи тоҷикӣ, ҳамчунин наввожаҳои тоҷикибунсд бо маъниҳои лугавии онҳо мебошад, ки зимни мушоҳидаҳои шахсии муаллиф нисбат ба ҳодисаву рӯйдод ва падидаҳои табиат, шунидаҳо, хондаҳо, ҳамчунин зимни сохтани ҳамгунаҳои тоҷикии вожагони илмию техникии русӣ (англисӣ) гирдоварӣ ва мавриди баррасии умум қарор дода шудаанд. Вожаҳои нав дар заминаи вожаҳои бунёдан (сирфан)-и тоҷикӣ сохта шудаанд ва метавонанд ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ ворид шуда, ҳиссаи вожаюни тоҷикибунёдро дар захираи умумии лугавии забони гочик афзун гардонанд. Ҳангоми сохтани вожаҳои нав, бархе вожаҳои дар гӯишҳои тоҷикӣ маъмул низ, ба гуфги устод (Садриддин Айни – «бо сӯҳони қоида сӯфта ва бо чилбури маьнй сайқал дода» корбаст шудаанд. |