Абдуқаҳҳор Саидов. Вазъи сиёсии Хуросони Бузург ва Эрон дар асри ХШ-нимаи аввали асри XIV (баррасиҳо бар мабнои маъхазҳои хаттӣ). Душанбе: Дониш, 2025. -628 с.

Рисола ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоцикистон ба табъ мерасад

 

Рисола дар асоси лоиҳаи “Таърихи халқи тоҷик” (асри III- аввали асри XX), рақами қайди давлатӣ 0121ТЛ 211 нигошта шуда, бо тавсияи Шурои илмии Институти таърих, босгоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нашр мегардад

Муқарризон:

доктори илмҳои таърих, профессор М.Давлатов номзади илмҳои таърих А.Шарифзода

Абдуқаҳҳор Саидов. Вазъи сиёсии Хуросони Бузург ва Эрон дар асри ХШ-нимаи аввали асри XIV (баррасиҳо бар мабнои маъхазҳои хаттӣ). Душанбе: Дониш, 2025. -628 с.

Рисола ба рухдодҳои асри XIII ва нимаи аввали асри XIV, ки дар таърихи халқи тоҷик яке аз замони пурфоҷеа ва мудҳиш ба шумор меравад, бахшида шудааст. Дар ин давра муғулҳои истилогар ба сарзамини Хуросони Бузург (Мовароуннаҳру Хуросон) ва Эрон ҳуҷум намуда, ваҳшонияти бемислу монанд нишон доданд. Муғулҳо марказҳои асосии иқтисодиву фарҳангии халқи тоҷикро ғорату хароб намуда, бисёр шаҳру деҳотро ба вайрона табдил дода, аҳолии ин минтақаро, ки аксаран тоҷикон буданд, қатли ом намуданд. Дар натиҷаи афзудани шумораи қабилаҳои кӯчӣ дар ин сарзамин ва рӯ ба кӯҳистон овардани мардуми бумӣ нуфузи кӯчиёни чорводор зиёд гашта, майдонҳои киштзор ба чарогоҳҳо табдил ёфтанд, ки ин ба таназзули кишоварзӣ ва дар иқтисодиёти мамлакат ба ҷои заминдорӣ афзудани нуфузи чорводории кӯчӣ мунҷар гардид.