Холиқзода А.Ғ. (Холиқов А.Ғ.)
Давлати миллии демократӣ: андешаҳо доир ба табиати давлати миллии демократӣ. Китоби 1. Нашри дуюм бо тағйиру илова ва таҳрирҳо. – Душанбе: «ЭР-граф», 2025. – 428 с. Муҳаррирони масъул: Олимов К. — доктори илмҳои фалсафа, академик Маҳмудзода М.А. — доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, академик Зоир Ҷ.М. – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Муқарризон: Азизӣ А.А. — номзади илмҳои педагогӣ Фаттоҳзода С.С. – доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Асадов А.О. -мудири котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Китоби мазкур фарогири як қисмати андешаҳои илмии муаллиф аст, ки дар партави тавлиди ғояи давлат ва ҳуқуқи демократии табиати миллиро касб карда, эҷод шудааст. Муаллиф дар ҷустуҷӯи шакли қобили қабули идораи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки тавониста бошад ба миллати решабатаърихи бостонии тоҷик хизмат намояд, ба умқи илми назарияи давлат ва ҳуқуқ, таърихи ҳуқуқ ва таҷрибаи давлатдории кишварҳои бузург диққат дӯхта, аз таҷрибаи таърихии халқ сабақ бардошта, ба ногузирии эътирофи ғояи давлати миллии демократӣ расидааст. Соҳиби китоб, дар васати муборизаи ҷаҳонишавии манфиатҳо аз назари ҳуқуқӣ ҳаққи таърихии халқро ба бунёди давлати мустақили миллӣ ҳифз намуда, дар пайравӣ аз андешаҳои созанда ва фидокориҳои бунёдии Пешвои миллати тоҷикон ҳуқуқи худмуайянкунии сиёсӣ ва соҳибихтиёрии миллати тоҷикро илман масъалагузорӣ намудааст. Диди муаллиф нисбат ба истилоҳоти калидӣ ба мисли «миллат», «давлати миллӣ» ва «давлати демократӣ» бо эҳтироми дидгоҳи мухталифи илмӣ ба хосияти конструктивӣ бештар тамоюл дошта, ҳамагӣ дар доираи стандартҳои байналмилалии ҳуқук масъалагузорӣ шудаанд. Китоб барои ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, аъзои ҲХДТ, ҳизбҳои сиёсии кишвар, донишҷӯён, устодони риштаи ҳуқуқшиносӣ, улуми иҷтимоӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар роҳи худшиносии миллӣ қадам бардоштаанд, пешниҳод мегардад. |