С.Табаров. Пайрав Сулаймони. ш. Душанбе,1962с. 388с.

Ҳаёт ва эҷодиёти Пайрав Сулаймонӣ бо ҳодисаҳои таърихӣ, сиёсӣ-иҷтимоии сеяки аввали асри XX, ки дар тамоми мамлакати паҳновари Россия ва аз он ҷумла дар сарзамини Осиёи Миёна тағьироти куллии оламшумул ба амал оварда буданд, алоқаи қавӣ доштанд. Бинобар ин маҳсули эҷодии Пайрав Сулаймонӣ як қатор лавҳаҳои муҳимми ҳаёти гуно- гунранги ин даври бузурги таърихиро инъикос менамояд ва аз ҳамин сабаб ашъори шоир аҳамияти калони таърихӣ, адаби ва бадеӣ пайдо кардааст.