Хайридин Усмон. «Таркиби тасаввури муосири иҷтимоию таърихӣ» -Душанбе, 2025

Хайридин Усмон. «Таркиби тасаввури
муосири иҷтимоию таърихӣ» -Душанбе, 2025

Муқарризон:

Саидов А.С., доктори илмҳои фалсафа, профессор Ҳайдаров Р.Ҷ., доктори илмҳои фалсафа Назар М., докгори илмҳои фалсафа

Дар китоби мазкур масъалаҳои марбут ба самт ва моҳияти тағйирогҳои иҷтимоие, ки имрӯзҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ, аз ҷумла Тоҷикистон сурат мегиранд, мавриди баррасӣ карор дода шудааст. Воқеияти ҷаҳони имрӯза умдатан ба гунае зуҳур мекунаду пеш меравад, ки аз ҳамагон ҳарчи бештар мулоҳизоти оқилонаю ҳушёронаро тақозо менамояд. Зеро дар иҳотаи талошу муборизаҳои шадид барои ҳифз, дарёфт ва дар баъзе мавридҳо ба баҳс кашидани мавқеияти якдигар миёни кишварҳои гуногунзарфият, зарурати касби андешаронии мустақилона ба ҳар як субъект талаби замон аст. Барои дарёфти чунин сифатҳо ҳар як субъектро зарур аст, ки равандҳои гаърихиро на ҳамчун тамоюлоти яксатҳию муқаррарӣ, балки гуногунпахдую бисёрсамта тасаввур намуда, баркамолии шоистаро ба даст оварда тавонад.

Китоб ба доираи васеи ҳаводорони улуми иҷтимоӣ, аз ҷумла муҳаққиқони соҳаҳои фалсафаи иҷтимоӣ, илмҳои сиёсӣ ва сотсиология тавсия мешавад.