Абдуалимов Б. А., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент дар мавзӯъи “Заминистифодабарии устувор – асоси таъмини бехатарии озуқавории мамлакат”

Бо Қарори Шӯрои илмии табъу нашри Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, №54 аз 15 октябри соли 2024 ба нашр тавсия шудааст.

Муҳаррир:

Раҷабов Қ.Р.-номзади илмҳои иқтисодӣ.

Монографияи Абдуалимов Б. А., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент дар мавзӯъи “Заминисгифодабарии усгувор – асоси таъмини бехатарии озуқавории мамлакат” яке аз ҷабҳаҳои асосии рушди истеҳсолоти кишоварзиро дарбар гирифта аввалин китобест, ки ба забони давлатй мавриди таҳрир қарор гирифтааст.

Ба роҳ мондани заминистифодабарии устувор – алахусус заминҳои чарогоҳҳои мавсимй бо ҷалби захираҳои мавҷуда, тақозои замон буда, заминаҳои воқеиро барои рушди соҳаи кишоварзӣ – алахусус чорводорӣ, ки маҳсулоти асосии он: гӯшт, шир ва пашм мебошад. Мавҷудияти чунин захираҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ сабаби интихоби мавзӯъ, вазифа, сохтори мантиқй ва муайян намудани самтҳои таҳқиқоги гардидааст.

Дар асари мазкур муносибатҳои заминистифодабарӣ ҳамчун воситаи омӯзиши проблемаҳои ташкили истеҳсолоти кишоварзй ва ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷудаи замин бо пешниҳоди як қатор роҳҳои нави методологӣ дарҷ гардидааст.

Тадбирҳои дар китоби мазкур овардашуда ба баланд бардоштани ҳосилнокии чарогоҳҳо, зиёд гардидани маҳсулоти чорводорй (шир, гӯшт ва пашм) ва ҳангоми барқарор намудани заминистифодабарии устувор кам намудани талафоти маҳсулоти чорводорӣ дар чарогоҳҳои мавсимӣ бо усулҳои иқтисодию математикии асос карда шудааст.

Бинобар гуфтаҳои боло ки чопи китоби мазкур тақозои замон буда, барои истифодаи донишҷуён, аспирантҳо, докторон ва мутахасисони маҳаллии кишоварзй хело зарур аст.

Муаллифи асар ба муқаризон; доктори илмҳои иқгисодӣ Хоналиев Назаралӣ ва доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Мирсаидзода Саидакмал барои пешниҳодҳои мукаммал баҳри ғанӣ гаштани мӯхтавои асари мазкур изҳори миннатдорӣ менамояд