Ба ифтихори 1050-солагии мутафаккири бузурги форсу тоҷик Абурайҳои Берунӣ Ҳайати таҳририя: Раҳимй Ф.Қ. (раис), Муҳаммад А.Н., Назар М.А., Олимов К., Зери назари академик Раҳимӣ Ф.Қ. Абурайҳон Берунӣ. Ас-сайдана фи-т-тиб (Фармакогнозия). Матни тарҷумаи форсӣ [нашри дуюм]. – Душанбе: «Нашри Мубориз». – 556 с. Тарҷумаи форсии «Сайдана»-и Абурайҳон Берунӣ дар ибгидои асри XIII- и мелодӣ дар Қиндустон ба қалами Абубакр ибни Алӣ ибни Усмон Исфар ал- Косонӣ анҷом дода шудааст. Аз рӯйи маълумоте, ки то имрӯз дар бораи тарҷумаи форсии «Сайдана»-и Берунй дар ихтиёр дорем, он ҳамагӣ шаш нусхаи хаттӣ доштааст. Нусхаи форсии «Сайдана» («нусхаи Мардонӣ» ном дорад) дар ганҷинаи дастнависҳои ба номи А. Мирзоев дар Маркази мероси хаттии назди раёсати Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шумораи 5600 маҳфуз аст. Китоби мазкур бо заҳмати матншиноси собиқадор, номзади илмҳои филология Аҳмад Х,оҷиев ба хати криллӣ баргардон шуда, соли 2017 аввалин бор дар АМИТ бо теъдоди кам (100 нусха) ба нашр расида буд, ки ба доираи васеи мутахассисон дастрас нест. Нашри ҳозир бо муқаддимаҳои ихтисосӣ, шарҳи фалсафию тиббӣ ва сарсухани С.Ҷонбобоев ва А.Хрҷиев муҷахҳаз карда шудааст. Бо қарори Шӯрои олимони Инстшпути фалсафа, сиёсатши- носӣ ва хукукц ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ба чоп тавсия карда гиудааст. |