Аскаралӣ Раҷабов.Иноятхон Росих ва анъанаи пажӯҳиши мусиқӣ дар Ҳинд (садахои ХУ1-ХУ11), таҳкиқот (тоҷикӣ ва хулосаи англисӣ), Душанбе, «Дониш», 2023, 249 саҳ.

Аскаралӣ Раҷабов.Иноятхон Росих ва анъанаи пажӯҳиши мусиқӣ дар Ҳинд (садахои ХУ1-ХУ11), таҳкиқот (тоҷикӣ ва хулосаи англисӣ), Душанбе, «Дониш», 2023, 249 саҳ.

Иноятхон Росих(1736-1789) – назаридони мусиқӣ, суханвар, донишманди баноми замони хонадони Бобуриёни Ҳинд (1526- 1857- 58) буда, дар Панипат зода шуда ва фаъолияги илмию адабии ӯ дар ҳавзаҳои фарҳангии Ҳинд ҷараён гирифтааст. У асосҳои ибтидоии илму адаб, ҳунарҳои замонаашро (мусиқиро) аз падараш Лутфуллохон Содиқи Некном Мутҳурҷанг, ки шахси бофарҳанги замонааш буд, меомӯзад ва донишашро назди донандагони таърих, илм, адабиёт ва ҳунарҳои бадеиро (хаттотӣ, китобороӣ, мусиқӣ ва ғ.) такмил медиҳад.

Ба қалами Иноятхон Росих асарҳои арзишманди бадеию илмӣ чун «Иноятнома», «Фолномаи Ҳофиз», рисолаи назарии доир ба мусиқй «Рисола дар зикри муғанниёни Ҳиндустони биҳиштнишон» ва чанд асари таърихӣ ҳам навиштааст. Росих дар таърихи тамаддуни Ҳинд ба сифати назаридони мусиқӣ, шоир низ собит шуда ва асари ӯ «Рисола дар зикри муғанниёни Ҳиндустони биҳиштнишон» аз навиштаҳои арзишманд дар шинохти таърих ва афкори мусиқии ҳавзаи фарҳангии Ҳинд мебошад.

Таъкид ба ёдоварист, ки бо кӯшиши профессор Саид Алй Ҳайдар асари Иноятхони Росих «Рисола дар зикри муганниёни Ҳиндустони биҳиштнишон» бо тасҳеҳ, таҳшия ва пешгуфторе соли 1961 ба нашр расидааст. Аммо навиштаи ҷудогонаи таҳқиқӣ доир ба мероси назарии мусиқии Иноятхони Росих то имрӯз рӯи саҳна наомадаст. Инак навиштаи хосаи пажӯҳишй доир ба замон, зиндагию фаъолияти илмию адабии Иноятхони Росих ба қалам омада ва умедаст, ки дӯстдорони мероси бузурги фарҳангии ҳавзаи Ҳинд аз ин навишта барои хеш нукоти тоза хоҳанд дарёфт.

Муқарризон:

Ҳабибулло Раҷабов-доктори илмҳои филологӣ, профессор.
Саъдулло Раҳимов-доктори илмҳои фалсафа, профессор,
фарҳангшинос.