«Пешвои миллат: масоили об, иқлим ва экология»

Шурои олимон (илмй)-и Институти масъалаҳои об, гидро- энергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷики- стон аз 26 августи соли 2022, суратҷаласаи №10 ба чоп тавсия намудадст.

 

Зери назари

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори
илмҳои физикаю математика, академик
Фарҳод Раҳимй

Мураттиб ва муҳаррирон:

Ориф Амирзода, Номвар Қурбон, Ҳасан Асоев

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллй – Пешвои миллат, Прези- денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмон дар арсаи ҷаҳонй ҳамчун ташаббускори ғояҳои башардӯстона ва ҳамгироёнаи масоили обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист эътироф гардидаанд ва маҳз дар заминаи ташаббусу пешниҳодоти Пре-зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон бонуфузтарин созмони ҷаҳонй – Созмони Милали Муттаҳид нуҳ қатънома қабул кардааст. Аз ин рӯ, андешаҳои Пешвои муаззами миллат оид ба мушкилоти об, иқлим, экология, истифодаи оқилонаи сарватҳои табий ва ҳиф-зи муҳити зист, ки дар асоси арзишҳои муосиру дақиқи илмӣ баён ва пешниҳод гардидаанд, заминаи хубе барои омӯзишу пажӯҳиши оянда мебошанд. Бо ин мақсад дар китоби «Пешвои миллат: масоили об, иқлим ва экология» чанд маълумоти мух- тасар аз ташаббусҳои ҷаҳонии Эмомалй Раҳмон оид ба масоили обу иқлим, иштироку суханрониҳои Сарвари давлат дар ҳамо- ишҳои минтақавию байналмилалии марбут ба ин мушкилот, мавзуъҳои об, иқлим ва экология дар Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ва инчунин, андарзҳои Пешвои миллат доир ба об, иқлим ва экология гирдорварй шудаанд.